ВАТАНГАДОЁНИ ИФРОТӢ КИНАВУ ҒАРАЗРО ПЕША КАРДААНД!

ВТАНГАДОЁНИ ИФРОТӢ КИНАВУ ҒАРАЗРО ПЕША КАРДААНД!

       Мусаллам аст, ки дар имруз ҷаҳони муосир воситаҳои ахбори умум (ВАО) минбари тавоно  ва фарогирии ҷомеа маҳсуб мегарданд. Умуман, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ВАО мақом ва ҷойгоҳи муҳим дошта, ин аҳамият ба таври рӯзафзун зиёд ва рисолати расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон  дучанд гардида истодааст. Воқеан, дар баробари рушди илму техника, имрузҳо, алалхусус барномаҳои интернетиву онлайни ва мустақим низ бештар истифода мешаванд, ки афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд, ҳар як сухан бояд нишонрас ва оммафаҳм бошад. Бахусус, дар замони муосир, ки як маром рӯ ба таҳаввулотӣ аст, ки ВАО дар тағйирдиҳии афкори мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ метавонанд, нақши калидӣ дошта бошанд. Зеро ҳар сухану хабар ва маводу навори пахшкунанда, санҷидашуда, асоснок ва боварикарданист. Баробари ин, мутаассифона маълумоти санҷиданашуда ва беэътимод низ ҳастанд ва он ба зеҳнияти ҷавонон таъсиргузори манфии худро мерасонад. Воқеан, дарки муваффақият ва хатар дар як фазо ҷорист, ки барои фарқ гузоштани он тафаккури интиқодӣ зарур аст, ки на ҳар як кас онро соҳиб аст. Якеро аз як ҷониб бо шавқ тамошо менамоем ва аз дигаре мебояд парҳез намоем, ки солҳои охир ин ҳолат бештар дар шабакаҳои интернет ба назар мерасад. Ин яке аз омиле мебошад, ки имрузҳо ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстромистӣ аз афзалияту имконияти Интернет васеъ истифода бурда, барои амали намудани ҳадафҳои муғризионашон ва зиёд намудани теъдоди аъзоёнашон дар шабакаҳои интернетӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube ва амсоли инҳо корҳои ташвиқотию таргиботиро ба роҳ мондаанд. Хуллас, бо кўмаки Интернет имрўз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурўҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба наќша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кўшиш мекунанд, ки таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Аз ин нуктаи назар бадхоҳони миллат, бахусус пайравони наҳзату навнаҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ парса мезананду гӯё «ҳақиқату адолатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд.Чунончи Муҳаммадиќболи Садриддин, ки яке аз думрави фаъоли наҳзат бо ҷалби  шогирдону пайравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев  ва дигаре ” Беҳрўзи Тағойзода, аъзои ҳаракати мамнуъ дар кишвар “Гурўҳи 24” мебошад, ки ба аспи ҷаҳолат савор шуда, ба ҳар тарафе ронда, нисбат ба миллату давлати соҳибистиқлоламон хиёнат  мекунанд. Бо ибораи дигар, ин тудаи ватангадои иғвогар дар давоми соли равон шабакаи иҷтимоиро ба манфиати худ истифода бурда, яке дар дар барномаи “Минбари муҳоҷир”дигаре дар барономаи “Садои мардум” бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон бо

навбат айбҷўӣ намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанду мурдуми кишварро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват менамоянд. Ин тоифа афрод виҷдони пок надоранду пур аз  аз ғаразу кина,

                                                                 

Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, барои барҳам хӯрдани чунин тӯдаи ватангадоёни ифротӣ, ки кинаву ғаразро пеша карданд, бояд муборизаи беамон баранд. Баробари ин, аз ҳар як инсони ватандору меҳанпараст, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳои мамнуъшудаи вататангадои ифротӣ дар шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, Youtube ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ ба манфиати кор аст.

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *