
Бо назардошти мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир вобаста ба вазъи ҷомеаи муосир андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки имрўз ба ҷомеаи кушоди мо афроди хиёнатпешаи ифротӣ бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд байни мардуми кишвар, зиддияту нифоқу кина барангезанд. Чунончи, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳммадиқболи Садриддин ва дигаре Беҳзоди Тағойзодаи, аъзои

ҳаракати сиёсии ифротӣ бо номи “Гурўҳи24” мебошад, ки бо маслиҳати хоҷагонаш ҳадафҳои ғаразнокашонро амалӣ кардан мақсад доранд. Хиёнатпешагони ифротӣ, зимни баромадҳояшон, бештар тавассути барномаҳо, яке дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” ва дигаре бо номи “Садои мардум” овозаҳо паҳн карда, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд худро шахси дунявӣ ва “адолатхоҳу ҳақиқатҷўй” шуморида, андешаҳои ифротии худро паҳн намуда,бо ин васила ба рӯҳия ва макфураи махсусан ҷавонон таъсир расондан кӯшиш доранд. Ҳадафашон аён аст, расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Хиёнатпешагони ифротииро бори дигар хотиррасон менамоем, ки халқи меҳанпарасти соҳибистиқлол, гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Хулоса, ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
