АҶНАБИЁНИ ИҒВОГАРИ ИФРОТӢ!

Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки яке аз думрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат- аҷнабии иғвогари ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромади ифротӣ намуданаш ба назар мерасад. Баромадҳои тудаи аҷнабии иғвогари ифротӣ барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва аминияти давлат равона шудааст., ки хуллас бо ин васила кушиш доранд, кишвари соҳибистиқлоламонро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо баранд. Масалан зимни яке аз баромадаш, санаи 24 октябри соли ҷорӣ, бо ҷалб як қатор пайравонаш, аз ҷумла афроде бо номи Абдулло ва афроде бо лақаби ғайриоддӣ:“ 7+70” дар

                                                      

барномаи “Минбари муҳоҷир ”боз ҳасаду буғзу адоватро пеша намуда, оид ба қазияи вафоти яке аз зиндониён Саъидаъзам Раҳмонов, баробари ин, оид ба масоили маҳдудияти барқ дар кишвар, фаъолияти роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амалиёти низомии Русия дар Украинаро ба риштаи баҳс табдил дода, онро ғайривоқеӣ маънидод намуданд. Инчунин сабтҳои видиеоии як марди соддаи солхурдаи сокини ноҳияи Данғараро намоиш дода, бо заҳрхандаҳо масхара намуда, мардуми кишвари соҳибистиқлоламонро зери таҳқир қарор доданд, ки ин ин амал ба миллати мо хос нест. Он нафаре миллатро тахкир мекунад, у бесаводи, бемаърифати ва хулоса аблахии худро нишон медиҳад. Шахсан ман туф мекунам ба руйи он нафаре, ки миллати тоҷикро дар назди дигарон тахкир мекунад! Умуман, таҳқири як шаҳрванд аз тарафи шаҳрванди дигар дар қонунҳои ҳама давлатҳои ҷаҳон ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад. Боиси тазаккур аст,ки одамони бошарафу бономус афроде, ки ҳисси миллӣ доранд, мекўшанд ва талош мекунанд, ки мардуми худро ва обрўи кишварашонро дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ доранд. Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ин қабил аҷнабиҳои ифротӣ барои кишвар дар тули таърих саодатмандӣ наовардаанд, балки тафриқа андохта, манфиатҷўи карданд, зеро ки дар асл ҷанҷоли ҳар қавро танҳо худи он қавм ба салоҳ меорад.
Дар фароварди андешаи хеш ман ҳамчун як фарди солимфикри ҷомеи феълӣ гуфтаниам, ки аҷнабиёни иғвогари ифротӣ зимни баромадҳояшон мехоҳанд ба тинҷию оромии Тоҷикистон халале ворид кунанд, аммо онҳо дар назди мардуми тинҷу ором ҳеҷ ҳастанд, бо ҳасаду буғзу адовати худ дар беватанӣ ба нобудӣ мерасанд. Хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва рўз аз рўз обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *