ВАТАНФУРӮШОН ВА БЕНОМУСОНИ МИЛЛАТ

            Нисбати ватанфӯрушону беномусони миллати тоҷик сухан карда қайд менамоем, ки солҳои тулонӣ тибқи супориши хоҷагони хориҷиашон М. Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, имрӯз марзи номуси миллӣ ва тоҷикиро убур карда, бозиҳои пушти пардагиашонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ идома дода истодаанд.

Новобаста аз имрӯза вазъияти бемории сироятии короновирус “COVID-19″,  ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин афродон баръакс, байни мардум шӯру ҳангома меандозанд. Агар дигар миллату халқиятҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯз дар фикри муттаҳид шудан ва рафъ намудани мушкилоту масъалаҳои ҷиддӣ бошанд, ин тоифаи беномус матолиби пурғараз ва пуриддао, ки бараъкс амалашон бар зарари давлату миллатанд.

Имрӯз наҳзатиёни ватанфурӯш ва беномус дар ниқоби «Рӯзноманигор» ҷилва намуда, гӯё барои Тоҷикистон ахбори наву тоза мунташир мекунанд ва зимни ироаи гузоришу матолибу мусоҳибаҳо аз ҳасудӣ нисбати кишварамон санги маломат мезананд. “Рӯзноманигор”-и онҳо, заҳҳоксифатону иблисрӯён ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Темури Варқӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Мирзои Салимпур суханҳои бардуруғу бемантиқу беасос нисбати давлати Тоҷикистон муборизаи ноҷавонмардона ва ҳақирона мебаранд. Кор то ба ҳадде расидааст, ки аз тариқи барномаҳои махсуси видеоӣ саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ ва ба ном рӯзноманигорӣ хурофотӣ М. Садриддин мардумро ба қиём алайҳи давлат даъват мекунад. Интиқоди онҳоро дар робита бо филми мустанади “Хиёнат” мурур ва мутолиа карда, нафрат нисбаташон дучанд афзуд. Воқеиёте, ки дар филми мазкур аз забони шоҳидони ҳол, аз ҷумла, собиқ аъзои ҲНИ Айёмиддин Сатторов, додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор доданд. Воқеан бе назардошти ин далелҳо ҳам, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Бинобар ин ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом дода, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддуну фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста, бо боварӣ метавон қайд кард, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишу ғайрати хешро равона хоҳанд намуд. Моро рӯзҳои хуш дар пеш интизор аст!

 

                                                    Ҷӯраев Ҷ.Б.,

 мудири маркази бақайдгирӣ ва

                                                                       машварати ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *