САГ БО УСТУХОН ГАЗИДАН ОШНО НАГАРДАД ҲАРГИЗ

Дар ҳошияи филми “Хиёнат”, ки чеҳраи манфури Маҳмадиқболи Садриддини террористро ифшо кард.

Агар имрӯз бар воқеияти ҳаводис ва рӯйдодҳои сиёсӣ бингарем, хуб дарк менамоем, ки ҳар як раванд ва падидаву зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба думболи худ бозиҳои абарқудратҳоро дорад, ки ба ин ё он самт равона шудааст.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қавму миллате аз бозиҳои сиёсиву пасипардагиҳои давлатҳои ҷаҳонхоҳ ва қудратталаб дар амон нест ва ин аст, ки бештар гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротии ба ном сиёсиву мазҳабӣ ташкил мешаванду аз худ дарак дод ва ин ҳам як ҷузъе аз бозиҳои сиёсии ҷаҳони муосир мебошад, ки душман гоҳ бо дасти худӣ ва гоҳ бо дасти бегона мехоҳад бар мо зарба занад. Мисоли ин гуфтаҳоро хонандаи матлаб метавонад дар фаъолияти аъзоёни  ТТЭ ҲНИ бараъло мушоҳида намояд. Воқеан  ТТЭ ҲНИ ҳам дар рӯзҳои нахустини таъсисёбияш ва ҳам дар ин рӯзҳо бар хилофи низомномаву оинномаи худ амал намуда, робитаашро бо созмонҳои террористӣ-экстремистӣ барқарор карда,  аз пайи гумроҳ намудан ва сохтани майдони нави ҷангӣ барои гурӯҳҳои террористӣ дар талош аст, ки ин хиёнати бузург мебошад.Оид ба ҳамин паҳлӯҳои норавшан ва сиёҳи аъзоёни ТТЭ ҲНИ филми мустанаде бо номи “Хиёнат” дар телевизионҳо пахш гардид, ки воқеан ҳам равзанаест барои шинохти душманони миллати тоҷик аст.

Дар қисми сеюми филми мазкур дар бораи Маҳмадиқболи Садриддин яке аз аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ ба ном рӯзноманигор, ки пойгоҳи хабарии “Ислоҳ нетро” сарварӣ менамояду барои мағзшӯии ҷомеа кӯшиш намуда,  матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро ба нашр мерасонад. Имрӯзҳо манфури наҳзатӣ бо сабаби фош хурдани амалҳои нопокаш ба хашм омада, дар мақолаи зери унвони “Раддия ба филм-туҳматномаи “Хиёнат” №3 ”ба таърифу тавсифи худу авлодаш гузаштааст. Вале Маҳмадиқболи Садриддин аз террористони манфур ва дасисабоз фаромӯш кардааст, ки бо нашри ин тавсифномаи худаш бобову бобокалонаш боз як паҳлӯи норавшани ҷиноятҳояшро барои мардум ифшо сохтааст.

Ӯ мегӯяд “Падару бобои ман, алҳамдулиллоҳ, мардони сарватманд ва сахӣ буданд.” шояд чунин бошад, аммо чӣ тавр метавонӣ исбот кунӣ, ки падару бобояд сарватманд буд?  Ҷойи дигар овардааст, ки  “ Дороияшро бо чандин чорпо оварда инҷо сарф кардааст” ва амсоли ҳамин гуна таърифоти дурӯғ. Дар атрофи ин суханҳо саволҳо ба миён меояд. Яъне  дороии бобову падараш аз кадом ҳисоб буд?  Тиллову танга дошт ё сафир дар кадом кишвари хориҷӣ буд?

Зеро ҳамон вақт, махсусан дар даврони Шӯравӣ чунин сиёсат буд,ки

бояд ба садҳо кумитаву идора ҳисобот медод ва аниқ мекард, ки аз кадом ҳисоб харидааст ва бадбахтона он солҳо чунин шароите вуҷуд дошт, ки шахс наметавонист зиндагии арзишманде ҳам дошта бошаду ҳамчун пулдор ном барорад. Аммо Маҳмадиқболи кавдан мегӯяд, ки падараш доро буду аз ҳисоби пули худаш масҷид сохтааст. Вале андеша ҳам намекунад, ки ин пулҳоро падараш аз куҷо овардааст? Он вақт ки соҳибкорӣ роиҷ набуд? Падараш ки як ҳоҷиву бедиплом аст .Сониян ҷойи дигар чунин ишора кардааст: “Падарам Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода яке аз панҷ муассиси ҲНИ буданд. Ифтихор мекунам, ки ҲНИ маҳз дар хонаи мо шаҳри Қурғонтеппа таъсис дода шудааст. Падарам кафил ва сарпарастии бевоситаи он ҳама толибилме дар вилояти собиқи Қурғонтеппа буданд, ки он солҳо таҳсили улуми шаръӣ мекарданд ва то Душанбе сарпарастияшонро ба уҳда гирифта буданд.” Ин навишта ягон ҳақиқат надорад ва дурӯғаш борҳо дар расонаҳо исбот шудааст.  Аз тамошои филми мустанади «Хиёнат » хуб дарк кардем ва медонем, ки ТТЭ ҲНИ  аз ҷониби созмонҳои ифротӣ маблағгузорӣ мешуд ва ин пулҳои падари Маҳмадиқбол низ аз ҳамин ҳисоб мебошад. Инчунин дигар манбаи даромади авлоди Маҳмадиқболи кавдан он аст, ки онҳо дар Афғонистон зистаанд ва мо хуб медонем, ки барои чӣ ин наҳзатиён дар он кишвари ҳамсоя маскан гирифта буданду ба зудӣ ба кишвар намеомаданд. Падари Маҳмадиқболи Садриддин  бо Саидабдуллои  Нурӣ дар Афғонистон муҳоҷирони тоҷикро маҷбуран нигоҳ медоштанд, то аз кишварҳои хориҷӣ кӯмакҳо дарёфт намуда, ба киссаи худ зананд.  Маблағҳои аз хориҷ омадаро, ки барои муҳоҷирон ва камбизоатон фиристода мешуд, ки ин ду наҳзатӣ ба киссаи худ мезаданду мардумро гумроҳ карда иҷборан он ҷо медоштанд, то пули бештар ба ҷайб зананд.

Мисоли дигар, ки ба наздикӣ як нафар дар сомонаҳи интернетӣ навиштааст, ки маро Кабирӣ ва Маҳмадиқбол фиреб доданду аз номам саҳифа кушоданду бар алайҳи миллат навиштанд, аммо пуламро надоданд. Хамин тавр  як ҷавони муҳоҷир ва маъюбро фиреб додаанд.

Муҳаммадиқболи  каме андеаша бикунад, ки чӣ қадар хиёнат бар миллат ва давлат кардааст. Ҳамчунин ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби кадом хоҷа мехӯранду мепӯшанд ва ин ҳама воҳима аз барои чист?

Рости дигар хел наметавонам ин ҳама амалҳои авбошона ва сафсатаҳои Маҳмадиқболи кавдан ва ифротиро шарҳу тавзеҳ диҳам.

Хонанда бояд донад, ки афроди пастфитрат ва бадниҳоду молпарасти наҳзатӣ аз барои нафси бад ва ҷоҳпарварии хеш даст ба хиёнат задаву миллатро имрӯзҳо нияти гумроҳ кардан доранд, ки бисёр ҳам ҷинояти бузург ва хиёнати нобахшиданӣ аст.

Дар интиҳо ҳаминро илова карданиям, ки филми мустанади “Хиёнат” ҳақиқатномаест, ки парда аз чеҳраи зархаридони  наҳзатӣ, ки бар миллат имрӯзҳо хиёнат мекунанду мехоҳанд ҷомеаро гумроҳ созанд, бардоштааст ва буду набуди аъзоёни ТТЭ  ҲНИ ва роҳбари онро бар тамошобинон ошкор сохтааст.

 

Ассистенти кафедраи забонҳои

                                                       хориҷии ДИС ДДТТ  Ҷӯраева Н.З.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *