ВАРСОҚИГӮИИ КАБИРӢ  АЁН АСТ!

Таърих гувоҳ аст, ки хоинони миллат баъд аз аёну исбот шудани ҷиноятҳои содирнамудаашон бештарашон фирорӣ шуда, қисме дар Аврупо зиндагии мухоҷирона доранд ва инсони дарбадари дур аз Ватан ҳастанд.  То имрӯз аъзоёни ҳизбу равияҳои ифротӣ, аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ  ба худ хулосабарорӣ накарда, рафтору гуфтораш чун солҳои қаблӣ ҳамон аст!

Роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ  ва ҳаммаслакаш дар шабакаҳои кушоди иттилоотӣ, дар барномаи бо номи Паймони миллӣ (ПМ), “Минбари муҳоҷир”  ва дигар барномаи ифротиашон бо навбат баромад намуда,  нисбати миллату давлати соҳибистиқлоламон тӯҳмату ғайбати беасос  карда, бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ ба сафсатагӯӣ  менамояд. Бахусус,  суханони роҳбари кунунии ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ  ба ном “сиёсатмадор” ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагӯӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад. Бидуни шак Кабирию ҳаммаслакаш фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ташвиқу тарғиботи роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар намудан кӯшиш доранд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад. Баробари ин, ёдовар шуда, қайд менамоем, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90 уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!

 Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.

                Ҷ. ҶӮРАЕВ ,

устоди  ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *