ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БОИСИ НИГАРОНИИ ҶИДДИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН АСТ!

      Хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ харакатери нав касб карда боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд оварда истодаанд.

Воқеан вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.

         Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба аъзои ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади заиф кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, зоҳир мегардад. Масалан  дар Афғонистон  мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки аз замоне,  ки ҳаракти “Толибон” қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, бештар амалҳои террористи ба қайд гирифта шудаанд. Баробари ин, агар таърихи терроризмро варақгардон кунем, хоҳем дид, ки  “Бригадаҳои сурх” дар Италия, “Артиши сурхи Ҷопон”, “Ҷунбиши баскҳо” дар Испания, гурӯҳи Квебек барои ҷудоӣ аз Канада, “Созмони томилӣ” дар Ҳиндустон, “Насрониён” дар Нигерия, “Роҳзанони баҳрӣ” дар Сомали, гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Кашмир, ки ба меҳмонхонаи “Тоҷмаҳал” дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон  ҳамла оварданд, ҳамагӣ гурӯҳу ташкилотҳои террористианд. Ё қазияи Ҳолокост (солҳои 1933 – 1945, яъне дар давраи давлати Германияи фашистӣ), ки боиси марги қариб шаш миллион яҳудӣ ва панҷ миллион лаҳистонӣ гардид, ҳаргиз аз ёди таърихии ҷаҳониён зудуда намегардад. Ин ҷиноятро ном терроризм аст.

        Хулоса, алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисаву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. Дар робита ба ин,  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш аз 23 декабри соли 2022 ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва муқовимат бо онҳо чунин таъкид намуданд: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.”

          Дар заминаи ин таъкиди Сарвари кишвар, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

М. МАМАДҶОНОВА,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *