Имрӯзҳо ҷаҳони муосир ба як қатор мушкилоту муаммои ҷиддӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши аслиҳа рӯ ба рӯ шудааст. Дар натиҷа, дар як қатор кишварҳои сайёра на танҳо оромию субот, балки мавҷудияти онҳо таҳти суол қарор гирифтааст. Ҷараёни инкишофи ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил, баландшавии дараҷаи касбии он, инчунин, зиёдшавии шумора ва содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба бехатарии миллии мо таҳдиди ҷиддӣ дорад. Муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин мақом пайдо кардани гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ дар ҷумҳурии ба мо ҳамсояи Афғонистон ин хатарро боз ҳам афзун мекунад. Зуҳуроти экстремистиву террористӣ, мутаассифона, дар замони ҳозира кам нестанд. Вобаста ба ин, самтҳои фаъолияти пешгирикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба пешгирии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ алоқаманданд, аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин асно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2023 ин нуктаро чунин баён кардаанд: Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш дар минбарҳои баланд низ хатари кирдори ифротгароӣ ва терроризмро қайд карда, қудрати харобиовари ғояҳои онро таъкид намуда, ҳамчунин қайд мекунанд, ки дар воқеияти муосир ҷинояткорон бо истифода аз амалҳои ифротгароиву террористӣ геополитикаро тағйир дода, доираи нуфузи худро таҳким мебахшанд. Аз ин суханҳои Сарвари кишвар чунин бармеояд, ки аллакай дар сатҳи олии давлатӣ моҳияти воқеии хатари экстремизм ва терроризм мавҷуд аст, илова бар ин, ҷиддияти таъсири ин амали манфӣ ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии он низ ба назар гирифта шудааст.
Имрӯз беш аз пеш нишон додани бартариятҳо ва пайдо кардани самтҳои асосии кор дар ҷодаи пешгирии хатарҳои ҷиноятии экстремистӣ муҳим аст. Азбаски дар давлати мутамаддин арзишҳои ҷомеаи демократӣ, яъне инсон, ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ ҳадафи олӣ эътироф мешаванд, дар симои мақомоти корҳои дохилӣ бояд муҳофизати манфитҳои шаҳрванд аз кирдорҳои ғайриқонунӣ дар мадди аввал гузошта шавад, то ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар на танҳо бо қонунҳо, балки бо таҷрибаи воқеии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ низ боэътимод ҳифз карда шаванд. Айни замон дар назди воҳидҳои оперативӣ ва ҷузъу томҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ вазифаи хеле муҳими муайян кардани шахсоне, ки бештар ба ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ осебпазир мебошанд, истодааст. Аз ин хулосае бармеояд, ки сари вақт ошкор намудани чунин афрод бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои самти экстремизм ва терроризм заминаи хуберо мегузорад. Интихоби ин намуди пешгирӣ аз он иборат аст, ки мақомоти амаликунандаи он метавонанд аз имкониятҳои махсусе, ки мақомоти қонунгузор пешниҳод намудааст, истифода баранд.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида бояд қайд кард , ки таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшносии миллӣ, эҳтироми ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар,омузгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти хешро на танҳо бо шиору гуфтор ,балки бо меҳнати софдилона ва солимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулият ношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон,ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Хулоса, вақти он расидааст, ки ҳолати ҷамъияти имрӯзаро ҳушёрона бе таассуби идеологӣ арзёбӣ кунем ва идеологияи миллии худро тавре ба роҳ монем, ки ба ҳиссиёти динии пайравони дину мазҳабҳои гуногун нарасем. Бинобар ин кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин падидаҳои харобиовари аср аст.
А. ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ