Варшава ниҳоди нопоки наҳзатиёнро ошкор мекунад

Машварати солонаи дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ инсонӣ САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ башар  ба шумор меравад.  Дар ин давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмони миллию  байналмиалӣ иштирок намуда ҳудуди ду ҳазор вакили дар муддати ду ҳафта маҷмӯаи масъалаҳои ин самтро  баррасӣ мекунанд.

         Дар доираи  ин машварат даҳҳо нишасти  умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешавад, ки ба масъалаҳои мушаххас бахшида шуданд. Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ва арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ башар муаррифӣ  намуда дар ин масъалаҳо гузориш медиҳад ва сиёсати худро ҳимоя мекунад. Ҳамзамон бо ин мавқеи давлатҳои иштироккунанда метавонад аз тарафи мухолифинаш ва ё баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ нақд шавад. Бинобар ин, фазои ин ҳамоиш маъмулан доғ шуда ин ҳар сол таваҷҷӯҳи  калон байналмилалӣ ва иттилоотиро ҷалб менамояд. Рисолати ҳар ҳайати расмии давлатӣ, пеш аз ҳама муаррифӣ, ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон аст.

Мақсади ҳизби наҳзат аз ташкил кардану ва зери байрақи худ мутаҳҳид намудани ҷанг гурӯҳи дигар ин боз ҳам ба чашми ғарбиён хок пошида,  худро комилан бе гуноҳ нишон додан аст. Яъне, чун дар Ғарбу Амрико дигар ба ҳаракатҳои исломӣ бо чашми шубҳа менигаранду онро шохаҳои аҳзоби террористӣ   мешуморанд. Бинобар ин онҳо аз номи ҳамин Пайкон сухан мегуфтанд. Ин худ як шикасти наҳзат аст, ки ин акнун аз Оинномаи худ дур шуда, зери парчами худ сар паноҳ мекунанд. Баъд аз бе натиҷаи барои наҳзатиҳо дилхоҳ ба поён расидани нишасти   Варшава,  яъне ба даст наовардани ва бовар кунонидани кишварҳои ғарбӣ ба зулму золимӣ дар Тоҷикистон, сарвари онҳо тӯли зиёда аз як соат дар сомонаи таблиғии худ баромад кард.

 Дар ин конфронс мухолифини давлат аз қабили аъзои ҳизби мамнуъшудаи наҳзати ислом бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ширкат мекунад ва чун оташи кӯҳна пешравиҳои сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро, ки замоне дар оғӯши ин Ватани азиз парвариш ёфта буданд, дида натавониста , сангандозӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин барои халқи тоҷик мафҳумҳои ватану миллату сулҳу субот  арзишҳои муқаддасанд ва ҳамаи онҳо барои дифоъ аз ин арзишҳо мавқеи ягона доранд.

Юнусова Ф., китобдори дараҷаи  якум 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *