Изҳороти кормандони китобхонаи донишкада оид ба андешаҳои бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Ҳамаи мо хуб медонем, ки маҳз аз баракати  Истиқлолияти давлатӣ барои фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ имконият фароҳам омад, дар қабили дигар ҳизбҳои навтаъсис ТЭТ ҲНИ низ ба расмият даромад, анакнун аз фаъолияти пинҳонкорона ба фаъолияти ошкоро баромад. Лек мақсади олии ҳизби наҳзат ба даст овардани ҳокимият буду барои ноил шудан ба ин мақсад аз номи дин истифода бурдани онро авлотару болотар донист.

            Дар ҳақиқат наҳзатиён  падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

Наҳзат  бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

   Аммо онҳо барои мақсади бади худ нарасидаанд, ва дар оянда низ нахоҳанд расид. Тоҷикистон гул-гул шукуфта истодааст. Мардуми мо огоҳу ҳушёранд ва  дигар ҳаргиз  номгузоранд, ягон гурӯҳи ҷинояткорӣ дастболо шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *