ВАҚТ ДОВАР АСТУ ТАЪРИХ ГУВОҲ!

Воқеан вақт довар ва таърих гувоҳ аст, ки дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта собиқ аъзоёни ҲНИ, хоса бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ силсилаи амалхои террористиро дар Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд. Дар иртибот ба ин бояд ёдовар шуд, ки бо максади ноором сохтани вазъияти сиёсию ичтимои ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ, ҳадафхои асосии фаъолияти тахрибкории наҳзатиҳо асосан террори вакилони Мачлиси Олӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, намояндагони ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо, корхонаҳои дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ карор гирифтанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо мисол шуда метавонад, филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам,”“Хиёнат”, ки  аз ҷониби шоҳидон, аз ҷумла хешу табору  ҳамкорони наздики  Кабирӣ бо далелҳои раднашаванда аёну тасдиқи худро ёфтааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки наҳзатиёни хиёнаткор то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набаровардаанд.

Намояндаи саргурези наҳзатиҳо, бахусус роҳбари он Муҳиддин  Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода, номи ҳизбашро ба Паймони миллии Тоҷикистон иваз намудааст ва мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи  “Паймони миллӣ…” барои амали кардани  нақшаҳои палидонаи худ дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштан онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, бехабар аз онанд, ки наҳзатиҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд.

Бояд зикр кард, ки Кабирӣ чун солҳои 90-уми асри гузашта, имрўз низ баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳаст, пешаки нақшаи рафти барномаи ифротиро таҳрезӣ намуда, яке аз пайравонаш, гўё ки он афрод барояш номаълум бошад, барои суолу посух додан омода карда, бо ин роҳ нисбати фаъолияти олиии кишвар суханҳои қабеҳи иѓвоанезашро пеша кардааст. Воқеан нақшаҳои пасипардагии каблӣ ва имрўзаи собиқ ҲНИ, ба ҳамагон маълум  аст.  Маълум аст, ки Кабирӣ бо ин васила боз меҳоҳад ба интихоботҳои дарпешистода ширкат варзад. Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии аъзоёни собиқ ҲНИ, хоса Кабирӣ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Баробари ин дар фарҷоми мақолаи хеш такрор ба такрор  қайд менамоем, ки ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши хоину нобакор М.Кабирӣ ва ҳамсангаронаш барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Зеро амалу андешаи нафароне мисли наҳзатиён  барои мо ҳамон мухолифин-босмачӣ, хоин ва миллатфурўш аст. Хулоса, суханҳои иѓвоангезонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро пайваста ва доимо маҳкум мекунем.

АХМЕДОВ М., сармуаллими
кафедраи математекаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *