ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбат ба рафтору гуфтори иғовогаронаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо омўзгорони кафедр хуб огоҳ ҳастем, ки собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар тўли даврони соҳибистиқлоли кишвар  симои қалбакии худро пӯшида бо истифода аз дини мубини Ислом бо рафтору гуфтори дасисаю мардумфиребӣ шуғл карда буданд. Рукнҳои дини мубини Исломро нодуруст тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепӯшиданд. Воқеан вақт довар асту таърих гувоҳ, ки имрӯз мардуми кишвар лиқои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломи (ТТЭ ҲНИ)-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то мамнўъ шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан қадре ҳам саҳме нагузоштааст. Ба фаъолияти қаблӣ ва кунунии ТТЭ ҲНИ агар назар афканем, мушоҳида мешавад, ки афроде ба ташкилоти ифротгароён шомил шудааст, оқибат тақдири ояндааш месўзад. Яъне ё паси панҷара мешавад ва ё бехонаву дар ё аз зану фарзандонаш ҷудо ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл мерасонад ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр умр ба сар мебарад. Имрўз низ бештари собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо паноҳ ёфта, тибқи супориши ҳоҷагони хориҷиаш мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар барномаи ифротӣ бо номи  “Паймони миллӣ…” баромад намуда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Инчунин пайравони ТТЭ ҲНИ  Муҳаммадиқболи Садридин ва афроде бо номи Беҳрўз Таѓойзода аъзои фаъоли ҳаракати сиёсии ифротӣ –“Гурўҳи-24” зимни баромадҳои ифротиашон бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ намуда, чун солҳои 90-уми асри гузашта мафкураи бархе ҷавононро вайрон карда, ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашидан кўшиш доранд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш рафтору гуфтори иѓовогаронаи ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротӣ, аз қабили “Гурўҳи-24”-ро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон боз дубора ғуборолуд гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *