ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ БАРОМАДҲОИ НОХАЛАФОНИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мо омўзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем,ки имрӯзҳо роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, нисбати Тоҷикистон ва давлату миллат бештар бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекорад. Инчунин, вақтҳои охир чун Кабирӣ афроде  бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Пайванд” ва ашхосе бо номи Беҳрўз Таѓойзода аз ҷониби ҳаракати сиёсии ифротӣ:“Гуруҳи-24” ва дигаре бо номи Ашўров Ҳусейн дар барномаи “Ҳақ ва ботил” бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта ва бештар интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо Ватан доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Асосан ТТЭ ҲНИ ва “Гуруҳи 24” бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.

Дар интиҳои изҳороти хеш фаъолияти бадхоҳони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба мўҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *