Ваҳдати мо ваҳдати дилҳост!
Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рўйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрўзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рўзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созанда Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеъа ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард, ки албатта дар роҳи расидан ба он хидматҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Пешвои миллат ҳамчун меъмори ҳақиқии кохи сулҳу ваҳдат ин неъмати бузургро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба армуғон оварда, ба қавлу қасами худ, ки «Ман ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳ меорам» содиқ монданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон баъди ба имзо расидани ин санади сарнавишисоз дар фазои сулҳу амният нафас кашида, ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо намудани Ватани азизи худ машғул ҳастанд, ки он ба шарофати ҳамбастагии миллӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Президенти мамлакат муяссар гардидааст. Ҳар яки мо нақши Ваҳдати миллиро дар пешрафти тамоми соҳаҳои зиндагии халқ бараъло мушоҳида мекунем. Мебинем, ки Ваҳдати миллӣ чи нерўи қодиру тавоноест. Эҳсос мекунем, ки он барои мо муҷдаи бахт, пайки пирўзӣ ва муҳимтарин омили сарнавиштсоз гардидааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон моҳият ва тақдирсоз будани Ваҳдати миллиро хеле равшан таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».
Албатта нақши Ваҳдати миллӣ на танҳо дар мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки дар таҳкими истиқлолияти маънавӣ ҳам, хеле барҷаста мебошад. Мо вақте, ки таҳкими истиқлолияти маънавӣ мегўем. пеш аз ҳама ҷавҳари аслии он рушди таълиму тарбия ва дар маҷмўъ мактабу маорифро дар назар дорем.
Дар ҷаҳони пуртазоди муосир Ваҳдати миллӣ ягона воситаи дар таърих санҷидашудаи муросову оштии миллатҳо мансуб гардида, намунаи олӣ ва барҷастаи он Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба даст омадани Сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон баъд аз ҳазор соли бедавлативу бенавоӣ, расидан ба Истиқлолияти комили давлатӣ, рушду нумўи иқтисодиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон, ҳама далели хирадмандии миллати мо, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд:
“Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”.
Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ-ро ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.
Бо эҳтиром ва самимияти афзун,
Директори ДИС ДДТТ,
номзади илмҳои иқтисод, дотсент
Олимӣ Рауф Латифзода