Таърихи дусад соли охири тоҷикону Тоҷикистон худ шаҳодати фаровоне дорад,ки ин ҷараёни босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ,на аз назари сиёсӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда, балки ағлаб пуштибонону парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд,ки бо истифода аз номи дини ислом мехостанд ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд ва дар умум ба тарҳу бунёди давлати исломӣ даст ёбанд. Аз ин рў, дар оғози қарни гузашта асосан ин ҷараён аз сўи равияҳои фикрие амсоли панисломистҳову пантуркистон идора мешуд ва ин амр баёнгари он аст,ки онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи ислом истифода мекарданд. Айни ҳамон коре,ки ТЭТ ҲНИ дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардумро бо номи ислом ба майдонҳо кашида, омил ба ҳодисаҳои хуношом гардид ва ҳамакнун бо гузашти солҳо ҳатто бо онки аз ҷониби давлат ба онҳо имтиёзҳо дода шуд,вале ҳадафҳои нопоки хешро мехост пинҳонӣ амалӣ намояд. Чун аз сўи неру ва ҳаракатҳои беруна,ки бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон хостор буданд, ин ҳаракат ва ҷараён идора мешуд, аз ин роҳ давоми бештар аз 15 сол ҳарчанд имтиёзҳо ва имкониятҳои хуб барояшон пешниҳод гардид, вале пинҳонкорона ҳадафҳои нопоки худро боз ҳам пайгири намуданд.
Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳанўз дар даврони Шуравӣ ба таври пинҳонӣ амал менамуд ва танхо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон чеҳраи аслии хешро ҷилвагар кард. Пас, равшан мешавад, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ташкилоти пинҳонкорест, ки сарчашмаи ҳаракатҳои аслии хешро аз босмачигарӣ мегирад. Чун дар даврони нуфузи ҷараёни босмачигарӣ маълум буд, ки он аз берун идора шуда, ҳадафи аслиаш боистифода аз номи ислом расидан ба қудрати сиёсӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рў, ҷараён то охирин фурсат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ошуб ва муборизаҳои мусаллаҳонаи хешро давом дода, қатлу кушторҳои зиёдеро ба миён овард, ҳатто чун мафҳуми бадӣ дар пиндор ва андешаи мардум боқӣмонд. Вале ҳама кнун маълум мешавад, ки гурўҳе аз инхо, ки баъди шикасти куллии онон фирор намуданд, баъдан бо либоси дигар ба таври пинҳонкорона фаъолияташро давом дода, дар солҳои 70-уми асри бистум бо таъсиси ҲНИ дунболи ҳамон ҳадафҳои аввалияи хеш ҳаракат карданд, ки натиҷаи он воқеоти солхои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.
Мутассифона, имрузҳо ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки ҳатто санг бар навиштаҳои устод С.Айни мезананду мехоҳанд ба афкори зиддитаассубии ин устоди бузург ва қаҳрамони ҳақиқии миллат бултон кашанд. Ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу ороми ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.
Мутаассифона, имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ решадавонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор табдил диҳад.
Боварии комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Имрўз ва минбаъд зарурате моро пеш омадааст,ки атрофи сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз пештар муттаҳидтар гашта,дар ҷомеаи тоҷикон ин падидаю зуҳуроти номатлубро решакан намоем. Фаъолият ва корбариҳои аъзоёни ҲНИ амалиёти нодуруст буда ба падидаҳои номатлуби онҳо бояд дода нашавем.Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ мебошад.
Тӯрақулова Л.Т.-муаллимаи калони
кафедраи молия ва қарз