ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРӢ!

Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба шумор меравад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди ҷомеа, ҳастии инсон дар ҳар як замон мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон Ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллат баҳо доданд, ки он ба ивази ашки падару модарон, хуни фарзандон ва саъю талошҳои созандаи ҷомеа ба даст омадааст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд.
Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми халқи тоҷикон ба даст омадааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар сиришти мардуми тоҷик пеш аз ҳама сабру таҳаммул, бурдборӣ ва Ваҳдату ифтихори миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Ҳамаи сарсабзию хуррамӣ, ободиву озодӣ ва сарбаландию меҳанпарастӣ аз Ваҳдати миллӣ манша мегирад. Аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик дар шоҳроҳи рушди устувор ва боварию эътимод ба имрузу фардои Ватани азиз буда, маҳз самараи ваҳдату истиқлолият аст, ки мо дар чунин як фазои тинҷу орому обод умр ба сар бурда истодаем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *