ВАҲДАТ – ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ МИЛЛАТ!

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст.
Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост.
Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ, ифтихор ва худшиносии миллӣ пойдевори кишвар ва бақои миллат, сабаби рушду нумӯи он мегардад. Миллате, ки худогоҳ аст, миллате, ки ифтихору ғурури миллӣ дорад, миллате, ки «деҳқонаш барои дигарон кишт намекунад», рушди ҷовидона меёбад:
Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,
Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.

С.БУРҲОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *