Ваҳдат ва нақши он дар осоиштагии ҷомеа

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар толори маҷлисгоҳи Донишкада бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон, донишҷӯён ва кормандони муассиса бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Конфронсро директори Донишкада, доктори илми иқтисод, профессор Иномҷон Аминов ифтитоҳ карда, оид ба аҳамият, ҷабҳаҳои омӯзиш ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллии тоҷикон, ки санаи 27-уми июни соли 1997 бо ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни роҳбари мухолифин шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ибрози андеша намуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Каримов М. суханронӣ карда, табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Шарифзода Шариф Файзро ба аҳли Донишкада иброз намуд. Номбурда перомуни аҳамияти ба дастоварии Ваҳдати миллӣ фикрронӣ карда, дар ин раванд хизматҳои шоён ва бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи таҳсин ва арҷгузорӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Расулҷон Солиҷонов баромад карда, дар мавзӯи “Ваҳдат-пояи Истиқлолият” маърӯзаи илмӣ қироат намуд.
Дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкада, номзади илмҳои фалсафа Турсунов Фаррух оид ба ягонагиву муттаҳидии миллати тоҷик бо мавзӯи маърӯзаи хеш “ Нерӯи халқ дар ягонагист” суханронӣ карда, андешаҳои ҷолиб иброз намуд.
“Нерӯи миллат дар Ваҳдат аст” чунин унвон дошт маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми Донишкада Дилшод Атабоев, ки ӯ андешаҳои хешро дар доираи ҷонибдори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва сиёсати бохирадонаи пешгирифтаи Пешвои миллат будани ҷавонони мамлакат, иброз дошт.
Устодони Донишкада Шамсиддинов А. ва н.и.и, дотсент Темир Дадобоев, ки шоҳидони воқеии ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш дар Тоҷикистон буданду даҳшату ваҳшонияти онро бо чашми сар дидаанд, аз он солҳо қиссаҳои ибратомӯз барои насли ҷавон ҳикоя карданд. Эшон аз оромиву осоиштагии кишвари маҳбуб Тоҷикистон шукргузорӣ карда, ҷавононро барои ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуданд.
Ҳамин тариқ конфронс дар сатҳи баланди илмиву маърифати баргузор гардида, бо хотираҳои нек анҷом пазируфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *