Дар ДИС ДДТТ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Донишкада дар соли ҷорӣ баргузор гардид

Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти муассиса дар соли равон баргузор гашт.
Маҷлисро директори Донишкада д.и.и., профессор Инъомҷон Аминов ифтитоҳ карда, перомуни дастовардҳо ва камбудиҳо дар ҷараёни таълими соли ҷорӣ ибрози андеша намуд. Деканҳои факултаҳо, мудирони кафедраву шуъбаҳои Донишкада гузориш пешниҳод карда, аз афзалиятнокиву камбудиҳои хеш дар соли таҳсили ҷорӣ андешаҳои мухталиф баён доштанд.
Директори Донишкада нуқсону камбудиҳоро як-як ошкор ва равшан баён карда, баҳри ислоҳи онҳо ва пешбурди таҳсилоту таълимоти босифату самарабахш барои устодон ва кормандони муассиса дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод кард.
Ҳамин тариқ ҷаласаи ҷамъбастии Донишкада бо вазифагузориҳо ба соли таҳсили оянда анҷом пазируфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *