Муҳтарам профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ! Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созанда Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард, ки албатта дар роҳи расидан ба он хидматҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон баъди ба имзо расидани ин санади сарнавишисоз дар фазои сулҳу амният нафас кашида, ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо намудани Ватани азизи худ машғул ҳастанд, ки он ба шарофати ҳамбастагии миллӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Президенти мамлакат муяссар гардидааст. Ҳар яки мо нақши Ваҳдати миллиро дар пешрафти тамоми соҳаҳои зиндагии халқ бараъло мушоҳида мекунем. Мебинем, ки Ваҳдати миллӣ чи нерӯи қодиру тавоноест. Эҳсос мекунем, ки он барои мо муждаи бахт, пайки пирӯзӣ ва муҳимтарин омили сарнавиштсоз гардидааст.
Аҳли ҷомеаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа мебинанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамаи сокинони Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан боқӣ монда, ҳар як шаҳрванди баору номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.
Бо эҳтиром директори ДИС ДДТТ д.и.и., профессор Иномҷон Аминов