УСТОДОНИ ДОНИШКАДА ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД

Санаи 7-уми сентябр дар толори Кохи «Суғдиён» дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 50 нафар фаъолони соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд. Дар чорабинии идона муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуда, ба ҳозирин номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ироа намуд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамагонро бо ҷашни Истиқлолият таҳният гуфта, дар вазъияти мутантан ба 28 нафар Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба 50 нафар Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ба 9 нафар Сипосномаҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тақдим намуд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷорабинии мазкур, барои фаъолияти пурсамар дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат, рушду пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ  – мудира кафедраи математикаи олӣ ва техналогияҳои иннаватсионӣ  н.и.и. дотсент Ваҳобов А., мудири кафедраи менеҷмент н.и.и. дотсент Ниёзов Ҷ., ва муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф. Ҷ. бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ устодонро ба ин дастоварди арзанда муборакбод намуда, барояшон дар ҷодаи илму таълим бурдбориҳои беназир таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *