Мо дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ ҳамаи Шумоён – ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромиқадрро табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва ҷавонони худшиносу худогоҳ барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:
“Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандўсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.
Истиқлолият соҳаи маорифи кишварро ба зинаҳои баланд баровард ва ба манзалату мақоми шоиста ёфтани он мусоидат кард. Дар назди ҳамаи мо вазифаи басо пурмасъулият – омода намудани мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт. Ба ин васила, донишкада ҳамчун самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим, таъмини дурнамои рушди устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.
Дар шароити кунунӣ мо бояд ҳама якдилу якҷон дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, Ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлоли давлатии кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Пешвои муаззами миллат борҳо аз минбарҳои баланд таъкид менамоянд, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандўстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем Истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бо ин таманниёти нек, бори дигар ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати рӯзгор ва хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно менамоям.