Санаи 7-уми сентябри соли 2022 маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Боиси ифтихори аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аст, ки директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Аз номи аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада ин дастоварди арзандаро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми августи соли 2022, №417 барои фаъолияти самаранок тақдим гардид, муборакбод намуда, дар фаъолияти пурмаҳсули минбаъда ба директори донишкад барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.