Ҳушёрию Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба  масоили пуртазоде рӯ ба рӯ шудааст, ки кӯшиши ҳалли онҳо мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо қарор додааст. Яке аз инҳо ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст, пайдо шудани ташкилотҳои экстремистию террористӣ мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башар таваҷҷуҳи бештаре намуда,  таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”. Ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор месозад, ки сари ҳар қадам дар маъракаю суҳбатҳои сарироҳӣ ба таблиғоти дурӯғини мубаллиғони ташкилоту ҳизбҳои террористӣ-экстремистӣ, ба монанди ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷиҳоди исломӣ, Ҳизби исломии Туркистон, Толибон ва даҳҳо гурӯҳҳои тундрави навтаъсис роҳ надиҳем.

Ба андешаи ман, нақши аҳли зиёи кишвар дар кори фаҳмондадиҳии нақшаҳои манфуру зишти ин ташкилотҳои хатарзо хеле назаррас аст. Аз ин лиҳоз месазад, ки аҳли зиёи кишвар аз бетарафӣ канор рафта, ҷиҳати ҳалли ин масоил иқдомҳои ҷиддиро ба кор баранд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мубаллиғони ташкилотҳои хатарзои ҷомеаи башар ба ҷавонони содаву худноогоҳ такя менамояду онҳоро ба доми хеш мекашанд. Сипару яроқи асосии онҳо тафсири бардурӯғи дини мубини ислом аст. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом робитае надорад. Дар ҳадисе омадааст, ки агар миёни мусалмонон фитнае ба вуҷуд омад, пас ба даст шамшери чӯбин бигир. Мурод аз шамшери чӯбин сулҳу салоҳ, баҳамоию ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Ҳолати имрӯзаи мамлакатҳои Яман, Ироқу Сурия, Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро беш аз ҳарвақта ба ташвиш оварда истодааст. Инсоният барои пешгирии он андеша менамояд.

Ба  гурӯҳи душманони миллати тоҷик гуфтаниям, ки халқи тоҷик пуштибон аз сиёсати Пешвои миллат аст ва сиёсати ободгаронаву башардӯстонаи ӯро бо тамоми ҳастӣ тарафдорӣ ва пуштибонӣ менамоянд ва зери сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти бузург муттаҳиданд ва аз пешравиҳои кишвар меболанд.

Раҷаб Раҷабов,

устоди кафедраи математика

ва технологияи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *