Тарсу ҳарос ва ваҳмро ба дил роҳ надиҳед!

Дар ин давраи ноором ва пур аз ташвиш, ки сабаб Коронавирус Govid-19 мебошад, ҳеҷ гоҳ ба равони худ тарсу ваҳмро роҳ надиҳед ва ба эҳсосот дода нашавед. Тарс бадтарин бемориест, ки равони касро хароб, ҷисмро заиф ва гирифтори дардҳои бедармон мегардонад ва дар дини мубини Ислом гуноҳест бас бузург. Пас имони хешро ба Офаридгор бештар қавӣ гардонем, ки танҳо Уст, ҷон меофарад ва мемиронад. Ҷони одамӣ амонатест назди Худои ҷонофар ва хиёнат ба амонат низ гӯноҳи бузург буда, ҷабр ба ҷисму ҷон дар Ислом, куфр шуморида мешавад. Тарсу ваҳму таҳлука аз шумори ҷабру зиён дониста мешаванд. Зеро ин падидаҳои номатлуби ҳастикуш

чун вориди равони кас гарданд, аввал ӯро мекушад ва атрофиёнро низ гирифтор карда, ба нобуди мерасонад.

Мегӯянд, ки замоне Луқмони Ҳаким ба хотири адои фарзи Ҳаҷ азми хонаи Худо мекунад ва дар роҳ ба зангие во мехӯрад ва мепурсад:- Ту кистӣ ва ба куҷо равонӣ?

Занги мегуяд:- Ман азроилам ва бо амри Худо ба фалон шаҳр меравам то ҷони 5000 одамро бигирам. Чун амр аз боло буд, Луқмон роҳи худро идома медиҳад. Муддате чанд Луқмон мефаҳмад, ки дар фалон макон 50000 одам ҷон бохтаанд, ҳайрон мемонад. Дар роҳи бозгашт боз бо ҳамон зангӣ во мехӯрад ва бо тааҷҷуб мепурсад:- Чаро ба ман дурӯғ гуфта, ҷои 5000 одам 50000- ро кушти. азроил , мегӯяд:- Ман дурӯғ нагуфтаам. Ман ҷони 5000- ро рабудам, аммо 45000- дигар аз тарсу ваҳм ҷон бохтаанд…

Ҳукумати Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат дар ҳамандеши бо Вазорати тандурустӣ, тибби халқӣ ва Ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои вобаста ба ин беморӣ, ба хотири пешгирӣ ва табобати он ҳама донишу малакаи худро равона сохтаанд ва моро низ зарур ва ҳатми мебошад, ки фаҳму хиради азалии худро дар солимгардонии миллат ба роҳ монем. Пеш аз ҳама гуфтаҳои мутахассисони тибро ба инобат гирифта, гигиенаи шахсиро риоя бикунем.

Пас, қавӣ бошем, нотарс бошем ва такя ба Худо ва ворисони Сино кунем, зеро мо қодирем ҳар гуна бемориро бо риояи қоидаҳои амалдошта аз кишвари бихиштосои Тоҷикистон батамом маҳв созем.

Худо ёру Қуръон мададгоратон бод ҳамватанони азиз!

Назар бар саҳфаи Қуръон кун, эй дӯст,

Ки ҳар як ҳарфи он иксири ҷон аст.

Ба ҳар ҳоле, ки ҳасти бо Худо бош,

Ки Ӯ бар бандагонаш меҳрубон аст.

Мирзоҳайдар Умарзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *