Унвони илмӣ муборак!!!

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст,
Он чиз, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.
Ҷуз илм талаб макун, ки дар олам,
Он чиз, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, достент Азимов Абдумавлон Ҷалиловичро Раёсат, иттифоқи касаба, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ ба муносибати дифои рисола бо унвони доктори илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи: «Тағйирёбии рафтори муҳоҷиратӣ ва равандҳо дар мамлакати қувваи кориаш барзиёд: назария ва методологияи тадқиқот» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) табрик мегӯянд. Барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию таълимӣ фатҳи баланди қуллаҳои илму донишро таманно менамоем.

Доктори илми иқтисод,  Азимов Абдумавлон Ҷалилович, рисолаи хешро  дар Шўрои диссертатсионии назди ДДҲБСТ сарбаландона дифоъ намуд.  
Унвони илмӣ муборак бошад, устоди арҷманд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *