Табрикоти директори донишкада д.и.и., профессор Аминов И.А. ба муносибати 8-март – рӯзи модарон

Модарон ва хоҳарони азиз! Мову шумо дар остонаи таҷлили рӯзи фархундапай 8 март – рӯзи модарон қарор дорем. Азизу мӯътабар донистан ва муқаддасу гиромӣ доштани модар асолати ниёгон ва шеваи мардуми куҳанбунёди мост. Зан – модар сарчашмаи ҳаёт ва бақои зиндагӣ аст.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки бо ташаббуси раҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари маҳбуби мо, барномаи давлатӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа амал мекунад. Дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Раҳбари давлат, дар донишкада Шӯрои занон ва духтарон, ки ба ҳайати шӯбаи тарбия ва фарҳанг шомил аст, ташкил ёфта, то имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Моҳи сентябри соли гузашта дар донишкада бо ташаббуси Шӯрои занон ва духтарон семинар ва мулоқоти судманд бо иштироки намояндагони ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» (паноҳгоҳи муваққатӣ) доир гардид, ки аз таваҷҷӯҳи раёсат ва аҳли донишкада нисбати мақоми зан дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Модарони азиз! Дар ин рӯзи фараҳбахш, ки ба оғози баҳори гулфишон рост меояд, ҳамаи шуморо табрик намуда, бароятон сарбаландиву саодати рӯзгор, хушбахтиву хушнудӣ, хонаи обод ва саломатии бардавом мехоҳам. Бигзор, 8-март бароятон рӯзи фаромӯшнопазир ва рӯзи амалӣ гаштани орзуҳои Шумо гардад.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст!

Бо эҳтиром ва самимият директори ДИС ДДТТ
АМИНОВ ИНЪОМҶОН АМИНОВИЧ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *