Санаи 5-уми март дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки директори донишкада д.и.и., профессор Аминов И. А. ва доираи васеи омӯзгорони таълимгоҳ, таҷлили рӯзи модарон-8 март дар сатҳи баланд ҷанш гирифта шуд. Директори донишкада суханронӣ карда, ҳайати бонувони донишкада ва кишварро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуд. Зимни табрикоти директор қайд гардид, ки нақши омӯзгорзанони муассиса дар ташаккули раванди таълиму тарбияи донишҷӯён бағоят назаррас буда, махсусан, дар амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саҳми арзанда доранд.
Директори донишкада омӯзгорзанони ботаҷрибаи донишкадаро муборакбодӣ намуда, аз ҷумла, мудири кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ н.и.и., профессор Комарова Г. Б., муовини декани факултаи тиҷорат ва фаъолияти гумрукӣ оид ба илм дотсент Турсунова Г. Н., мутахассиси шӯбаи кадрҳо Азимова С. ва муаллимаи калони кафедраи тиҷорат Атоева Фароғатхонро бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ кард. Донишҷӯдухтарони фаъоли донишкада, ки дар барномаҳои байналмилалии таълимгоҳ иштироки фаъолона доштанд, аз ҷониби директор табрик ва бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд. Сипас чорабинӣ ва барномаҳои идона, ки аз тарафи донишҷӯён таҳия гардида буданд, оғоз гашт.
Дар барномаи идонаи донишҷӯён, ки бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишкада, ба муносибати таҷлили ин чорабинӣ омода карда шуда буд, асосан: хондани суруди донишкада, изҳори муҳаббат ба модар, суруди якка, рақси гуруҳӣ, саҳначаи бадеӣ ва қироати шеърҳо дар васфи зан-модар таҳия ва намоиш дода шуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ намоишномаи бадеии модар тариқи технологияҳои инноватсионӣ ва проектору тахтаи электронӣ ба иштирокчиён намоиш дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар бахши фарҳангии чорабинӣ ва таҳияи барномаҳои идона саҳми донишҷӯёни гуруҳҳои 250107(р) таҳти сарпарасти гуруҳ Бузурукова С. ва 250107(т) таҳти сарпарасти гуруҳ Каримова И. назаррас буд.
Чорабинии донишкада бахшида ба рӯзи модарон, дар сатҳи баланд таҷлил гардида, ба аҳли ҷомеаи меҳнатии таълимгоҳ як ҷаҳон таасуроти рангину гуворо боқӣ гузошт.