ТУҲМАТАНГЕЗУ ИҒВОГАРИ ВАТАНГАДО!

Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд,ки дар ҷомеаи имрӯза гуруҳҳои бадхоҳу нотавонбинони давлату миллат, аз ҷумла раҳбарияти наҳзату ҳаммаслаконаш ва навнаҳзатӣ, алалхусус яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат ”Паймони милли..” – Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки тавассути сомонаи“Ислоҳ. нет”, муҷрии барнома бо номи “Минбари муҳоҷир”-ро ба уҳда гирифта, бо ҷалби як қатор думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон баромади ифротӣ намуданаш ба назар мерасад. М.Садриддин, алалхусус бо думраваш Муҳаммад Тағоеви навнаҳзат, ки фирории ватангадо дар хориҷи кишвар иқомат дораду дар баромадҳояшон бештар интишори матлаби иғвоангез паҳн намуда, умед доранд, бо ин васила миёни мардуми осоишта низоъ андохта, ба фазои сулҳу амонии кишвари азизамон халал ворид созанд. Умуман, М.Садриддину пайравонаш бо суханони беасосу туҳматангез, иғвогарона ва ҷузъ ҳарфи хусуматдорӣ нисбат ба раҳбарияти сатҳи гуногуни кишвар инъикос ёфтааст ва дар он аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад. Хуллас, дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки М.Садриддин ва думравонаш омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Ҳама гуна даъвоҳои фирориёни наҳзату навнаҳзат дар хориҷа пучу бедалел буда, бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд, ки мо зимни мақолаву изҳоротҳои хеш борҳо маҳкум намудаем. Албатта, шахси солимандеш ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта, ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, вале, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд.

Хулоса, ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем, то ба хулоса омада, нисбат ба баромадҳои наҳзсату навнаҳзатиҳо ва умуман ба воқеоту рӯйдодҳои ҷаҳони муосир воқеъбинона баҳо дода, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем. Воқеан таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна иғвогарии матбуотӣ, интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар кишварро гирад. Дар ҷомеаи имрӯза паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *