ПЕШГИРИИ ҶАРАЁНУ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ КОРИ ДАСТҶАМЪОНА АСТ!

Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагон бохабарандл, ки имрӯзҳо яке аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандоз – пайрави фаъоли худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”- Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, дар канали YouTube ,сомонаи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир ”ровигӣ намуда, бо ҷалби шогирдону думравонаш, чоплусиву амали иғвогариро пеша карда, камбудиҳои ночизи кишвари азизамонро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Зимни баромадҳо бештар роҳбарияту кормандони вазорату идораҳои кишвари соҳибистиқлоламонро зери танқид қарор дода, маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар сомонаи ифротиашон ҷой медиҳад, ки aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд.

М.Садриддин зимни баромади ифротиаш, худро “уламои дин” шуморида, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат кӯшиш дорад. Хуллас, аз баромадҳои ин бадхоҳони миллат хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзату навнаҳзато ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат М.Садриддину думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *