Таҳкими робитаҳои донишкада бо соҳаи истеҳсолот: ҳамкории нав бо ҶДММ “Идораи муҳосибӣ”

Санаи 16 сентябри соли 2025 , мудири шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолот, дотсент Буходиров Ҳ. И., бо ҳамроҳии мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, дотсент Алиев А., бо мақсади вусъати ҳамкориҳо ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ба ҶДММ “Идораи муҳосибӣ” ташриф оварданд.

 

Дар ҷараёни мулоқот бо директори корхона масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳо миёни донишкада ва корхона баррасӣ гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро дар самти таҳсилоти дуалӣ таҳким бахшида, барои ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ва рушди малакаҳои касбӣ чораҳои муштарак меандешанд.

Ин ташриф дар доираи сиёсати таҳкими робитаҳои донишкада бо соҳаи истеҳсолот ва омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат амалӣ гардида, оғози як ҳамкории судманд ба ҳисоб меравад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *