ТТЭ ҲНИ – ВАТАНГАДОЁНИ САРГАРДОН

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки ваоқеан ТТЭ ҲНИ  бешубҳа бозичаи хоҷагони кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, терористӣ-экстремистӣ машғул буда, бо ин васила мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш дорад. Вобаста ба баромадҳои навбатии  роҳбари ТТЭ ҲНИ ва думравонаш, санаи 25 марти соли равон, дар Бундестаги парлумони Олмон баргузор гардид,  таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар рабита ба ин суол ба миён меояд. Дар ҷаҳони муосир  ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад?! Ба ин суол ҷавоб додан ҳар фарди закӣ   бе мушкилӣ ҷавоб медиҳад!

Пӯшида нест, ки пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Тоҷикистон, ки соли равон  ба истиқлолияти он 32 сол мешавад ва  беш аз даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад!

Бояд хотиррасон кард, ки ҳар фарди солимақлу соҳибaтафаккур давоми умри хеш пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Вале, нафари хоину Ватану мазҳабфурӯш, ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари тӯдаи ватангадоёни саргардони ТТЭ ҲНИ бошад оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд. Зуҳуроти ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳӣ аз донишҳои оддӣ боис гардид, ки раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ  натавонистан тамаддунофариву фарҳангсолории миллати шарифи тоҷикро муаррифӣ намоянд.

Хулоса, ҳодисаҳои гузаштаю имрӯза моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем. Ҳимояи ватан аз  нафарони бадхоҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст!

     К.КАЛОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *