ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ БА АФКОРИ ТТЭ ҲНИ ТӮҲМАТУ ФИТНААНГЕЗӢ ҶОЙ КАРДААНД!

  Имрӯз раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ  бо пуштибонии хочагонашон аз муҳити зисти палидолуди Аврупо баҳраманд шуда, табдили ном ба “Паймони миллӣ” кардаанд ва дастовардҳои беназири кишварамонро нодидаву ношунаво пиндошта, ба оламиёни бехабар нисбати соҳибихтиёру соҳибистиқлоламон эродҳои беасосу бардурӯғро паҳн менамоянд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии мазҳабфурӯш ва пайравонаш,  барои иҷрои дастуру супоришҳои  манфиатҷӯёни хориҷӣ бо ваҷоҳати рӯбоҳона, аз афзалиятҳои шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, тавассути барномаҳои ифротиаш баромад карда, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт менамоянд. Бо ин васила бархе афроди дилсиёҳу ғализмайнаи муғриз бо камоли мамнунияту чеҳраи айёр тоифаи сусту беимону эътиқодро моили худ намуда, баҳри расидан ба мақсадҳои ғаразнок истифода мебаранд. Назарҳояш ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки раҳбари ТТЭ ҲНИ-ро як “инсони гирифтори бемории равонӣ” унвон мекунанд.  Таъкидан ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки шумоён ватангумкардаҳо хоҷагони хориҷии маблағгузоратон ба афкоратон тӯҳмату фитнаангезиро ҷой кардаанд.

          Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло  аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта дар доми фитнаангези раҳбарияту пайравони ТҲИ ҲНИ афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд. Бинобар ин, хулосабарорӣ намуда қайд кардан зарур аст, ки имрӯз аз дируза дида, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гуруҳҳои номатлуб муборизаи беамон бубарем. Дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии ТЭТ ҲНИ-ро ҷиддӣ ва сахт маҳкум намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмат намоем.

          А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *