ИҒВОГАРОНИ БЕФАРҲАНГ

  Мо тавассути расонаҳои хабарӣ бохабарем, ки имрӯзҳо раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу восита пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Ин иғвогарони бефарҳанг агар рўзе нисбати Тоҷикистон туҳмату буҳтон наяфкананд, худро ором намегиранд ва  корашон танҳо ғайбату  тӯҳмат аст.Умуман суханрониҳои бемантиқи раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар заминаи супоришҳои хоҷагони хориҷӣ ба гӯши ҷомеа расонида мешавад. Андешаҳои ин  гурӯҳи ифротӣ нисбат ба ҳар воқеияти ҳаёти ҷомеаи орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон шаҳодат медиҳанд, ки ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад. Танҳо тоифаи ифротгарои хоину ватанфурӯш бо дастури хоҷагони маблағгузор дастовардҳои шоистаи мамлакати соҳибистиқлоламонро дида наметавонанд. Заррае дар вуҷуди худ меҳри Ватан надоранд, ки пешравиҳои кишвари маҳбубамонро тан гиранду боре баҳри тақвияти он пешниҳоди мушаххас карда бошанд. Хулоса ин нафарони пастфитрату бефарҳанганд ва чашмони онҳо ҳирси пулу мол нобино кардааст. Ин иғвогарони бефарҳанг наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро дигаргун созанд. Чунки тамоми мардуми ҷаҳон, хусусан табақаи солимақлу соҳибфикр аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, пешбурди иқтисодиёт, муносибатҳои муваффақи дипломатӣ, иқдомҳои наҷибонаи табиатдӯстӣ дар истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат ҳаёти орому осуда мегӯянду меомӯзанд.

Дар қисми хулосавӣ қайд менамоем,ки халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад.

 

   Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *