Дар ҷаҳони мутамаддин мунтазам ҳодисаву воқеаҳое рўй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани дини мубини Ислом дар назди ҷомеаи башарӣ мебошад. Ҳамзамон ҳар коре, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва барҳам задани суботу оромӣ анҷом дода мешавад, аз тариқи сўистифода аз бовариҳои динии мардум роҳандозӣ мегардад. Чунин аъмол аслан кори дасти гурӯҳҳоест, ки динро воситаи расидан ба сиёсат, василаи тафриқаангезӣ миёни мардум ва яроқи асосӣ бар зидди худи мусалмонҳо кардаанд. Яке аз чунин гурўҳҳое, ки даҳсолаҳо фазои идеологии Тоҷикистонро олуда сохта, кўшиш дорад ваҳдати комилро аз миёни мардум бардорад , ин ТТЭ ҲНИ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бо шарҳи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир оғоз бахшиданд ва он бунёди воқеӣ дорад. Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем.
Пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерўҳои оппозитсионӣ дар миёни ҳазорон раҳгумзадагон гуноҳи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам вобаста ба нооромиҳо ва қатлу куштори вақт бахшида шуданд. Ҳукумат ва мардуми кишвар умед доштанд, ки ин ҳама ранҷу азоби солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ғарибиву талафоти моливу ҷонӣ ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дарси ибрат гардида, онҳо минбаъд танҳо дар роҳи ободиву осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва созандагӣ мекўшанд. Аммо, ТТЭ ҲНИ ба ин ҳама ҳусни ният ва некандешиҳо сазовор гашта натавонист.
Имрўзҳо ҲНИ кўшиш карда истодааст, ки худро як тарафи сулҳ нишон диҳад ва ба ин васила воқеияти таърихиро ба манфиати худ таҳрир созад. Аммо, хушбахтона хотираи таърихии миллати тоҷик қавӣ аст. Мусаллам аст, ки имрўз ҲНИ ба як бозичаи навбатии дасти хоҷагони хориҷӣ дар саҳнаи сиёсӣ табдил ёфта, аз ватандўстиву миллатпарастии он танҳо суханҳои хушку холӣ боқӣ мондаанд. ҲНИ бо муроҷиат намуданаш бо созмонҳои хориҷӣ ва дар симои онҳо ҷустани такягоҳи сиёсӣ бори дигар хиёнат кардани худро ба арзишҳои олии ватандорӣ на танҳо барои мо, балки барои тамоми оламиён собит сохт. Ин аст, ки бо дарки амалҳои хоинонаи ин ҳизб имрўз ҷавонмардони ватандўсти тоҷик даста-даста сафи ин ҳизби тафриқаангезро тарк карданд. Сафи ҳизбе, ки дар тўли таърихи фаъолияташ ягон кори неке ба мардум накард. Баръакс, хуни ҳазорон ҷавони тоҷик дар гарданаш буда, замони ҷанги шаҳрвандӣ дасти хориҷиёнро барои анҷом додани тоҷиккушии саросари дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистони тозаистиқлол боз карда буд.
Ба мазмуни мантиқии муроҷиатномаҳои ҲНИ назар афканем, ин ҳизб амалан аз хоҷагони хориҷии худ тақозо кардааст, ки ба Тоҷикистони соҳибистиқлол фишор оранд, то ҳукумат аз мардум тақозои эътиқод ба ҲНИ-ро кунанд. Ин маънои онро дорад, ки агар ҲНИ имкон меёфт бо мақсади ба сари қудрат расидан лашкари бегонаро вориди ватани мо мекард. Бо баробари ин , агар он амалу рафтореро, ки ин ҳизб тавассути васоити ахбори оммаи худу ҳампаймонҳояш анҷом дода истодааст, таҳлил кунем, он гоҳ дарк мекунем, ки онҳо кўшиш доранд шахрвандони кишвар ва дигар давлатҳои мусалмоннишинро бо сўистифода аз номи Ислом дар муқобилияти маънавӣ бо Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон қарор диҳанд. Аъзоёни ҲНИ мехоҳанд таърихи талхи гузаштаи миллати тоҷикро такрор кунанд. Аммо роҳбари ҲНИ бояд донад, ки миллати тоҷик аз он таҷрибаҳои талх ибрат гирифтааст ва миллати тоҷикро фирефта сохта дигарбора ғулом кардан мумкин нест. Ин миллат ҳам акнун мехоҳад ба асолати миллии худ баргардад ва шукўҳи давлатдории ниёгонро барқарор созад. Асри 21 ба рўи миллати тоҷик саҳифаи нави таърихиро боз кард, сахифае, ки шахсиятҳои ватандўст онро бо садоқати худ шукўҳманд хоҳанд кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти худ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бахусус, соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуда буданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучандро тақозо менамояд».
Барои ҳар як сокини давлати Тоҷикистон маълум буд, ки чаро Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат оид ба вазъи гоеополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду хушдор медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзғори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Бинобар ин, барои мубориза бурдан бо радикализм, зуҳуроти бемайлони ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва пешравиҳои Тоҷикистони азиз боз ҳам кӯшишу ғайратро дучанд намоем.
Ғафурова Ф.К.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ