Тероризм ва экстримизм яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Ба ин гурўҳ мисол шуда метавонад ТТЭ ҲНИ. Воқеан, имрўз дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шуда аст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Қаблан бештар ҷавонписарон шомили ин равияҳои тундрав будаанд, имрӯз духтарон низ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои ифротгаро пайваст мешаванд. Бо барпобари ин, дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ хадамоти махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон паҳн ва интишор мекунанд. Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалҳои аъзои «Давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Ваҳҳобия», ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои экстеремистӣ бо исломи ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Ҷавонон бояд аз ҳодисаҳои пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар хулосаи даркорӣ бароранду нагузоранд, ки хунрезию бесарусомониҳо бори дигар такрор ёбанду кишвари ороми мо ба гирдоби бало печад. Ҳайронам, ки чаро баъзе ҷавонони мо бо роҳи хато мераванду ба ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Аз нигоҳи ман ин ҷавонон аз ҷаҳони ислом ва фарҳанги бойи он огоҳ нестанд. Нангу номуси миллиро аз даст додаанд.
То замоне ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Аз ин рў ,аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд.
н.и.ф., дотсент Файзиева С.А,
мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ