ТТЭ ҲНИ ва хатари он ба ҷомеа

 

Дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол то соли 2015  8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекард. Яке аз ин хизбхо ин хизби наҳзат мебошад. Ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёси расман ба қайд гирифтанд.  Дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофи аз моҳияти он бархӯрдор  набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ХНИ-ро дар ҳудуди кишвар нахостанд.

Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ХНИ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи аз хоби сиёсӣ баён дошта бошам.

Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъияти, ки вазифаи ӯ дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тарики таъсис додани гурӯҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад.

Ва ё ба тарзи дигар ҳизби сиёсӣ ин иттифоқи ихтиёриест, ки бо аломатҳои идеологӣ  асос  ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад.

Ҳокимият ин воситаи амалигардонии барномаҳои сиёсӣ мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи ҷамъияти хизмат менамояд.

Ҳизб- аз калимаи лотинӣ ё франсавӣ-patu гирифта шуда маънояш қисм ё гурӯҳ мебошад.

Мақсаду вазифаҳои ҳар як ҳизби сиёсӣ дар оиннома ва барномаҳои худ, барои маълумоти умумӣ гуфта шудааст.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ХНИ  бо рохбарии М. Кабирӣ ҳангоми ба таври расми фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!  Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузори қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосилаи пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.

Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ.

Агар нисбати М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун сохибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурушад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, М. Ҳайит, Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон, ки айни хол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии ЧИЭ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро рохандози намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд.  Аммо, ҳушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавкеи хориҷа истода, хамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода карор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Агар Муҳиддин Кабирӣ дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, барномаҳояшро пешниҳод созад. Шояд мардумро (ва пайравони тамоми шохаҳои исломро, ки аз ниҳояти ҷаҳлу бесаводӣ ба наздики сад шоха расидаанд) қонеъ карда тавонад ва он гаҳ ману дигарон низ аз пасаш равона хоҳем шуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз хизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу харакатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд.

Онхо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷо ягон гап хаст, яъне мардум хамту ба рафти фаъолияти имрузаи ХНИ бехуда таваччух зохир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезӣ намехохад.

 

 

                                  Омӯзгори   кафедра          Игамназаров Н.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *