ТТЭ ҲНИ ВА ХАРАКТЕРИ ИФРОТГАРОЁНА ДОШТАНИ ОН

              Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи хуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

          Чуноне, ки  моддаи 8-уми Конститутсия низоми гуногунии ақоидатиро пешбини карда, муқаррар мекунад, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб  иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳое наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ этироф шавад.

        Аммо фаъолияти ҲНИ дар солҳои охир нишон дод, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динӣ дошта» бисёр мушкил мебошад. Маҳз ҳамин хусусияти васеи қонунгузорӣ мавриди сўйистифодаи ошкори ҲНИ қарор гирифтааст. Масалан, дар таҷрибаи худ ин ҳизб пайваста фаъолиятҳо ва маросими диние, чун мавлуд, ифтор, таълимоти динӣ, озмуни қориён, шаби Қадр, намози ид, мавъиза ва амри маъруф, ҷанозаҳо ва ѓайраро баргузор менамоянд, ки ин фаъолиятҳо ба ҳизби сиёсӣ умуман хос нестанд.  Илова бар ин, ҳизби сиёсии динӣ дар таблиѓоти ҳизбии худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо ба таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи ҲНИ комилан поймол шудааст ва аз байн рафтааст. (А.Ҳаким Заволи ҳизби наҳзат. Минбари Халқ 14 октябри соли 2015. саҳ. 5.)

       Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳури иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иѓво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

        Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта айбдор дониста шуда ба ҷавогарии  ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

        Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ 5 аъзои ҲНИ Саидов Д, Фозилов Д, Пиров Қ, Хоҷамуродов Т ва Абдуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар кўпруки деҳаи Чашма 1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ѓайриқонунӣ Мавлонов Қурбон – роҳбари ҲНИ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

        Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ѓасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ таѓир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо зиёда аз 20 гурўҳи ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода муовинони Раиси ҲНИ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Муҳамадалиро вазифадор намуданд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона ташкил намоянд.

         Бо ин мақсад шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд. Миннбаъд, Назарзода А.М. ва дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

        Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир карданд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

        Ҳамин тариқ муаян карда шуд, ки мақсади асосии пешвоён ва  аъзои фаъоли ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда кўшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад.

       Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизби мазкурро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд. (ҲНИ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шуд. АМИТ «Ховар» Душанбе, 29.09.2015. Минбари халқ 30 сентябри соли 2015. саҳ- 9.)

     Хақ  бар ҷониби яке аз донишмандони мазҳаби ҳанафӣ эшони Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбҳоро дар Тоҷикистон таъкид намуда, гуфта буд: «Барои мазҳаби Ҳанафӣ ҳизби наҳзати ислом лозим нест. Ҳизби мо Қуръони маҷид аст, ки аз тарафи худои яккаву ягона ба рўи замин омадааст

Тоатов Фирдавс Ҳабибуллоевич
муаллими калони  каф.Ҷомеашиносии
ассистент Комилова Фарангис
ДИС ДДТТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *