Ба шароити ноороми олам, ба ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқи наздик, ки дар он хонаҳои мусулмонон месӯзад назар намуда дили кас реш мегардад. Мардуми мусулмон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худо офарида, Паёмбар ҳидоят ва китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ кардааст.
Онҳо фаромӯш кардаанд, ки фарзандони бобои Одаманд, дарду захмро баробар эҳсос мекунанду саодатро инчунин хоҳонанд ва онҳоро умумиятҳои бузурге мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид кардааст. Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар аксар мавридҳо ба оромию вазъи муътадили эътиқод дар рафти таърих мусоидат кардаанд.
Худованд дар оятҳои Қуръон фармудааст, ки якдигарро шиносанд. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳо, фарҳанг ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодӣ ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиди назар намоянд. Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд.
Аз таърих маълум аст, ки иди Наврӯзро дар замони Аббосиҳо асрҳои 7-8 ҳамчун ид таҷлил мекарданд, аммо баъзе мутаассибин онро иди ғайриисломӣ гуфта, фатвоҳои нодуруст доданд. Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст.
Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад. Аз ин нуқтаи назар агар мо ба таърихи дини Ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул карданд, назар афканем, дар нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллӣ нақши соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (р) аз ҳама бештар ба назар мерасад.
Соҳибфатвоҳо дар бисёр масъалаҳо ба дигар миллату қавмҳои ғайримиллати араб монеаҳои сунъӣ пайдо карда буданд, аз ҷумла мегуфтанд, ки Қуръонро ба дигар забон тарҷума кардан мумкин нест ва ҳар касе, ки фаҳмидани маънои онро хоҳад, бояд забони арабиро омӯзад, шарҳу таъвили Қуръон фақат бо забони арабӣ ва тафсири он бо ояту ҳадис бошад, ҳеҷ олиме ҳақ надорад, ки бо фаҳму заковати худ маънои онро баён кунад.
Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Кӯфа дар оилаи форс – тоҷик ба дунё омадаанд. Дар назди устодони бузург таълимоти ҳамаи улуми замони худро аз худ карда, дар байни халқ соҳибфатво шуданд. Барои Имоми Аъзам (р) ислоҳоти куллӣ дар ақида, мактаби фиқҳӣ ва андешаҳои миллӣ ва илмӣ пеш омад, ки он кори осон набуд. Аммо Имом (р) бо роҳи оқилона чорчӯбаи муқарраргардидаро шикастанд ва аз оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф, ки арзишҳои миллиро тарғиб мекунанд, бо далелҳои раднопазир масъалаҳои шаръиро бо тариқи нав фатво доданд. Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ ҳар вақт, ки аз Қуръон ва ҳадис далел пайдо намешуд, фикри худро бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рӯи “Қиёс” масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳоро, яъне миллиро ҳамаҷониба ҳаллу фасл менамуданд.
Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани “Урф” анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросими миллиро бо баёни он, ки инҳо хилофи шариат нестанд, иҷозат фармуда, роҳи халқи моро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд. Ин ҳама хидматҳои Имоми Аъзам маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ на камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ аст ва онҳо дар рӯзгор нақши бориз доранд ва бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.
Имрӯз мо бояд фаромӯш накунем, ки дар асри бисту як зиндагӣ мекунем ва донем, ки миллати тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини Исломро қабул кард, фарзандони ин миллат дар мисоли Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ ва дигар нобиғаҳои миллат ба дини мубин ва пойдории он хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал мегузоштанд ва муваффақ ҳам шудаанд.
Ҳазрати Расулуллоҳ нисбат ба мардуми форсу тоҷик чунин гуфтаанд: “Илм агар дар Сурайё бошад ҳам, фарзандони миллати форс ба он мерасанд”. Дурустии ин гуфтаҳои Паёмбарро осори илмию мазҳабии ҳазорҳо нафар олимони форсу тоҷик исбот кардааст.
Барои ҳамин ҳам мо чун фапзандони ин миллат нооромиҳои олам ва хусусан аз дини Ислом сӯистифодаро шуданро дида, бо ҳисси масъулият таъкид бар он дорем, ки дин имрӯз бояд чун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмати худро ба ҷо биёрад.
Агар мо андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад.
Бобоев А., Турсунов Ф. – омўзгорони кафедраи
ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ