ТТЭ ҲНИ ВА ДУМРАВАШ ГУРӮҲИ 24 –РАЗИЛУ СИЁҲКОР!

Имрӯзҳо бо баробари раҳбарияту хаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва  думраваш  Беҳрузи Тагойзода, ки яке  аъзои фаъоли “Гурўҳи 24” мебошад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум”  бо навбат баромад намуда, камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, сафсатагӯи мекунанд,  гӯё байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Вале, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад.

Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки  Кабирию Беҳруз ва умуман ҳаммаслаку думравонаш дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накарда, ҷавононро гумроҳ кардаанд ва алҳол онҳо дар кишварҳои Аврупо сарсону саргардонанд. Чунончи  созмони Human Constanta аз 14 марти соли ҷорӣ   иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди кишварамон  Низомиддин Насриддинов 8январи равон, ҳангоми гузаштан аз Ҷумҳурии Литва ба Ҷумҳурии Беларус дастгир шуда, аз он замон то ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно қарор дорад ва  30 марти имсол дар додгоҳи  Гродно  онро сабаби дастгир карданашро баррасӣ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Насриддинов Н. соли 2017 зимни суханронияш дар нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви “Гурӯҳи 24” муаррифӣ кард, аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. Мақомоти  кишвари мазкур  ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд.Ин гуна мисолҳо бисёранд, ки мо борҳо нисбати ҷавонони роҳгумзада бо мисолҳо эзоҳ дода будем. Хулоса имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти ваќт, симои разилонаи сиёҳкорон –  ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, яъне ватанфурӯшон  ва душманони сулҳу ваҳдати кишварро ошкор  карда, ба ин  тамоюлҳо баҳои дурусти худро додаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст, фақат корашон гумроҳ кардани ҷавонону, кофтукоби айби касон аст ва хуллас аз дастоварҳои кишвар имрӯз ба таҳлука афтодаанд!

         Дар фарҷоми андешаи хеш, таъкидан қайд менамоем, ки мо омўзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

Ф.ҚУРБОНОВ,

 мудири бахши кор бо

 ҷавонони ДИС  ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *