ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба баромади намояндаи “Гурӯҳи 24” дар нишасти навбатии САҲА

  Мо тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки санаҳои 14-15 марти соли равон нишасти навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), дар шаҳри Австрия баргузор гардид, ки дар он асосан коршиносону хабарнигорон ва намояндагони давлату созмонҳои сиёсӣ иштирок доштанд. Дар нишасти навбатӣ низ намояндаи “Гурӯҳи 24” Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ширкат намуда, беасосу бемантиқ баромад намудааст. Доир ба ин масоил  суолҳои зиёд ҳасту ба миён меояд, ки чаро намояндаи мухолифини кишвар – “Гуруҳи 24”  дар ҷаласаи САҲА иштирок дошт?!

 Мо зимни изҳоротҳои қаблиамон зикр дошта будем, ки фаъолият ва  мақсади асосии ташиколоти  байналмилалии зикршуда барои таъмини бехатари ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан САҲА бо сабабҳои номуайян гурӯҳҳои низоангези ҷомеаро дар ҷаласаҳояш ширкат варзидан иҷозат дода буд, аз қабили ТТЭ ҲНИ . Дар нишасти навбатиаш низ ба гуруҳи ифротӣ иштирок намуданро иҷозат додааст.Пас  суол ба миён меояд магар САҲА аз ин гуруҳҳои ифротӣ манфиатдор аст?

Барои равшанӣ андохтани ин масоил ҳоҷат ба баён нест. Зеро хонандаи закӣ ин ҳолатро дарк менамояд. Баробари ин, бори дигар қайд менамоем, ки САҲА танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, алалхусус  амнияти кишвар мебошад на ин ки барои ҳимояи гуруҳҳои терористию ифротгароӣ.  Хулоса набояд, ки  САҲА ба  мухолифини кишвар  иҷозат диҳад!

         Мо омӯзгорони кафедра, бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, қайд менамоем, ки воқеан таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори раҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ, думраваш “Гурӯҳи 24” ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки  хиёнаткорони миллат ва умуман  ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва  минбарҳои ташкилоти байналмилалӣ  нисбат ба роҳбарияту кормандони кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *