ТАЪРИХ ШОҲИДИ ВОҚЕИИ ЗАМОНҲОСТ!

   Таърих шоҳиди воқеии замонҳост, ки дар гузаштаи начандон дур  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамон шахсоне мебошанд, ки аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ вонамуд менамояд, ки гўё дар расидан ба Истиқлолият саҳми арзанда дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз методҳои хатарбори миллаткуш истифода намуданд, ки яке аз он ба тарзи густурда ҷудоӣ андохтан байни минтақаҳои кишвар буд. Ин хоинони миллат бо дастгирии молиявии хоҷагонашон бештар дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бо номи  Паймони миллӣ , ки дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он истифода мешавад. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористӣ ва ифротгароии исломӣ  домани худро густардатар мекунанд.

         Дар маҷмӯъ стратегияи асосии ТТЭ ҲНИ асосан барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозӣ менамояд.

Воқеаву руйдоди нав дар хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ  ба таври комил дастпарвару дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

         Баромадҳои ифротӣ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз боздошти собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ-и миллаткуш ин калому даъвои моро  нишон медиҳад, ки ин тоифа инсонҳои палид дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ корҳо амалӣ намудаанд. Ҳамарўза хиёнати ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон бори дигар нишон медиҳад, ки боз чун солҳои 90-уими асри гузашта, мехоҳанд мардумро гумроҳ сохта, ба корҳои зишти худ ҳамроҳ созанд.

Имрӯз ҳамагон  тавассути расонаҳои хабарӣ, бахусус пас намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат”ба худ хулосабарорӣ намудаанд ва медоданд, , ки раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ  кистанд ва чӣ ният доранд. Бояд қайд кард,ки таърихи давлатдории навини тоҷикон нишон медиҳад, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Аз ин рў, мубориза бо ин «вабои аср» на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад. Хулоса ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои ба даст омадаи кишварро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.

 

Р.АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *