ТТЭ ҲНИ ВА АМАЛҲОИ ДУШМАНОНАИ ОН

Тӯли чанд соли охир терроризм ва ифротгарории экстремизмӣ нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида гардидааст. Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон боиси сар задани низоъҳои сиёсӣ, куштори аҳолии осоишта аз он ҷумла занону кӯдакон, амнияту суботи мардум гардида рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои оламро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст.

Гурӯҳҳои террористии наҳзатӣ, ки андеша ва амалҳояшон бар зидди инсон, зиндагии осудаи инсонӣ равона шудааст ҳеҷ гоҳ андешаи созанда ва амали офаринандаву зиндагисозро на барои ҷомеа ва на барои миллат анҷом надодаанд.

Гурӯҳҳои худсохтаи бадандеш ҳамаи ҳодисаҳоро ба аъмоли зиддиинсонии кушторгарӣ, даҳшатафкании хеш қиёс мекунанд. Дар тӯли мавҷудияти худ ғайр аз истифодаи барчаспҳои «кофар», «бехудо», «бадбахт», «дӯзахӣ» ва монанди инҳо, ки шеваҳои асосии инсонбадбинонаи онҳояд, часпондан роҳи дигари таҳаммул намудани ақидаи дигарон ва ё бо ақли солим амал карда, мардона пазируфтани иштибоҳоти хешро надоранд.

Дар  солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи террористони наҳзатӣ ва дастури дастгирикунандагони хориҷии онҳо сиёсатмадорон, мутафаккирон ва донишмандони миллӣ, ки ақидаҳои пӯсидаю зиддиинсонии онҳоро қабул накарданд, ҷисман дар рӯзи равшан тавассути аслиҳа ба қатл расонида шудаанд, ки ҳамаи ин амалҳои номатлуби онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат чун фоҷеътарин рӯзгори қавми тоҷик сабт шудааст.

Инҳо, ки ҳама умр дар куштори дигарандешон қарор доранд ва ба сабаби куштору ҷинояти бешумори зиддиинсонӣ ва зиддимиллии анҷомдодаи хеш ҳам акнун кишварро ба хотири гурез аз посухгӯӣ дар назди додгоҳ тарк кардаанд, минбаъд боз корашон тавтеъасозиву туҳмату таҳқири давлату миллат аст. Бино бар ин барои мубориза бар зидди терроризми наҳзатӣ ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки чораҳои мушаххасро нисбати он андешанд.

ассистенти кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ 
Ҳошимова Муаттарҷон Абдуҷаборовна

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *