Тоҷикистон зидди ТТЭ ҲНИ!

Имрўзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад. Воқеан, дар нафари беҳувият ва дастнишондаи хориҷиён ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише илло арзиши иҷроиши дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад. Саркардагони ҷиноятпешаи ин ташкилоти террористӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, ҳокимияти феълиро ба нақзи созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ иттиҳом мезананд. Ҳол он ки аксари қонуншиканиҳо ва ноором сохтанои вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки М.Кабири ва ҳаммаслакони ӯ, М.Хайит, Саидумар Хусайни ва дигарон, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии Исломии Эрон мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандози намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд.

Аз воситаҳои ахбори омма бармеояд, ки М.Кабири аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханрони намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Имрузҳо мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабири аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

Саидов Муродҷон
Маъмурҷонович,
ассистенти кафедраи
молшиносӣ ва фаъолияти

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *