Муссалам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Аммо дар тафаккури доираи муайяни муҳаққиқни кишварҳои Ғарб андешаи ботиле ҷой дорад, ки гӯё дини ислом сачашмаи ҳама гуна «ифротгароии динӣ», экстремизм ва терроризм аст. Президенти кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо, мақолаҳо ва Паёмҳои таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намудаааст. – «Гузашта аз ин, ки имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб саде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад.
Афсус дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифродгароӣ хоси табиати ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем, ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».
Ҳақ ба ҷониби сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқотҳои динии дигар дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.
Дар оғози давлатдории Тољикистони соҳибистиқлол яке аз ҳизбҳои сиёси – Ҳизби Наҳзати Ислом ташкил ёфт. Оғози фаъолияти ин ҳизб мақсад якто яъне ба сари қудрат омадан ва ба ҳокимият соҳиб шудан буд. Аъзоёни ин ҳизб ба тарафдории ҳизб мехостанд бо роҳи куштору хунрезӣ ба мақсадҳои нопоку ғаразноки худ расанд. Дар оғоз амалу ҳаракатҳои эшон аз амалҳои терористии асри XX1 ягон тафовуте надошт. Ба ин нигоҳ накарда Ҳукумати Љумҳурии Точикистон доимо кушиш мекард бо роҳи мусолиҳаи сулҳу дӯсти даъват карда бошад, мутаассифона аъзоёни ҳизби наҳзати исломии Тољикистон манфиати худро аз манфиати давлат, љомеа ва Ватан боло дониста доимо вазъиятро ноором месохтанд, ки ин боиси тафриқаандозӣ ва коста гардидани идеалогияи ватандӯстии љомеа ва давлати љавони Тољикистони азиз мегардид.
Аъзоёни ҲНИ дар ВАО ва масчидҳо баромад намуда аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсиони ва барпо намудани Љумҳурии исломии Тољикистон даъват менамуданд. Бояд гуфт, ки дини Ислом пайравонашро ба сулҳу ваҳдат, ватандӯсти, дӯстиву рафоқат ва зиндагии шоиставу осоишта даъват менамояд. Ҳизби наҳзат ягон робитае ба дини ислом надошт, баръакс ҳамаи корҳояшон муқобили китоби мукаддаси мусулмонон «Куръони Карим» буд.
Бо роҳи фиреб мардумро ба ҳизби наҳзати исломии Точикистон аъзо мекарданд. Дар интихоботҳо мегуфтанд: «номи Исломро хат назанед кофир хоҳед шуд». Аз ин маълум мегардад, ки мақсади онҳо якто – муқобили Ҳукумати қонунии Љумхурии Тољикистон баромадан ва вазъиятро ноором намуда ба нафъи худ истифода бурдан.
Боиси хушнудист, ки максаду мароми ҳизби наҳзат ба мо ба зуди равшан гардид. Ин ҳизб худ як ҳизби терористи буда бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи терористӣ аз байн бурд. Хушбахтона бо кордониву фаъолияти шабанарузии кормандони амнияти давлатӣ ва мақомотҳои қудратии давлатӣ паҳлуҳои нав ба нави љиноятҳои вазнини ҳизби наҳзати исломии Тољикистон ошкор гардида истодааст.
Боиси хушнудист, ки 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон конеъ гардонида шуда ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда фаъолияташ дар тамоми қаламрави кишвари мо барҳам дода шуд.
Дар ҳақиқат имрӯз љомеа воқеан дарк намуд, ки ташкилкунандаи љанги шаҳрвандии Тољикистони азиз, аъзоёни ҳизби наҳзати ислом мебошад ва бо маблағгузориҳои хоҷагони хориљиашон мехостанд сохтори давлати конститутсиониро вайрон намоянд. Аммо ҳоло ҳам аз бас, ки маблағҳои хориљиёнро истифода менамоянд, дар ҳаққи Тољикистони азизамон суханҳои танқидӣ ва беасос, ки ҳељ асоси воқеӣ надоранд гуфта истодаанд.
Хушбахтона љомеаи имрӯзаи Тољикистони соҳибистиқлол ин падидаи номатлуби љомеаро хуб дарк намуда, аз ватани азизамон фирор кардани эшонро ҷонибдори намуда, пазироиашон намекунанд.
Халқи тоҷик намехоҳад, ки дигарбора ба доми найрангу фиреби шахсони айёрпеша ва хоин ба мисли Муҳидин Кабири гирифтор шаванд. Ягон террорист наметавонад ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободу зебо нақшаҳои нопоки худро амалӣ намояд, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳад ки ин ашхос дар Тоҷикистон кор ва фаъолият намоянд.
М. Кабири ва Кабиримонандҳо як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда ҳамчун ватанфурӯш ва барои ҷомеаи ҷаҳон хатаровар нақш хоҳанд баст. Ин ашхосон мисли мори заҳрдор дар Тоҷикистон ғарқи ҳадафҳои нопоки худ хоҳанд гашт.
Истиқлолияти Тоҷикистон- Ватани маҳбубамон поянда бод!
Муаллими калони
кафедраи молия ва қарз
Бобоев Ф.М.