ТТЭ ҲНИ –ТАШКИЛОТИ ИҒВОАНГЕЗ

Имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Мутаассифона дар тасаввури баъзе шахсиятҳо ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад. Ин гуна шахсиятҳое, ки саводи дурусти динӣ надоранд ба гурӯҳҳои Муҳиддин Кабирӣ барин шахсиятҳо шомил гардида қисми зиёди онҳо ба фиребу найранги онҳо дода шуда, аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум мегарданд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои нопоки худ аз дини ислом моҳирона истифода мебарад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаи марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 буд. Ва имрӯз хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи намудҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ ба назар гирифта шуда 22- декабри соли 2015 бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб қатъ гардонида шуд. Воқеан ин ҲНИ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо ин роҳ аз байн бурданд. Аслан ин ҳизб барои дини ислом бегона аст. Мақсади асосии ин ҳизб дини исломро истифода бурда, фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҷумҳурии исломии Афғонистон яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Дар ин самт бисёр корҳои назаррас ба анҷом дода шуда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд ва ҳамаи он мавриди баррасию таҳлили тарафҳо қарор гирифта, барномаҳои оид ба муқовимат бар зиддӣ терроризм ва экстремизм мурратиб гардиданд. Бояд мо ҳамҷоя бо Ҷумҳури исломии Афғонистон дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ мубориза барем ва нагузорем, ки ҳеҷ як гурӯҳе ё афроде ақидаҳову амалҳои ғаразноки худро дар ҷамъият паҳн карда, мардумро халалдор созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизму терроризм тадбирҳо андешида кӯшиш менамояд, ки тамоми чораҳоро барои сулҳу осоиштагӣ дар минтақа андешад.

 

Шарипов Д.-муаллими кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *