БАДХОҲОНИ ВАТАН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАНД

Ҷаҳони муосир  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Сулҳу субот дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагиро ҳар халқу миллат орзу дорад. Натанҳо миллат, балки ҳар шахсу мавҷудоти зиндаи рӯйи замин, растаниҳо, гулҳои зебое, ки дар фазои осоишта ба хубӣ нашъунамо мекунад, ин орзуи онон ҳам маҳсуб мешавал. Аммо афроде ҳаст, ки мехоҳад ин орзуи тамоми аҳли башарро барҳам диҳанд. Ин гуна шахсон бо роҳи фиреб ва ё барои маблағ ё молу мансаб ба ифротгароӣ даст мезананд.

Хонандаи азиз дон, ки ифротгароӣ ин пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо қатъиян рад менамояд, ки ин ба терорестию ифротгароӣ оварда мерасонад.

Терроризм ин ташкили воқеаҳои хатарнок, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ  ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Мутаассифона кирдору рафторҳои ғаразҷӯёнааш на он қадар ҷалб намуда бошад, пас давоми солҳои охир  бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатиро асосан ТТЭ собиқ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Барои ҲНИ муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиҳояш мардумро ба чи вазъи ногувор мерасонад. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст орварад. Онҳо фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир кашида, тақдири кишварҳои Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ фурӯ мерезанд. Собиқ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ тариқи истифода аз васоити ахбори омма  норозигию  иғво ва кинаю адоват барангехта, амалҳои номатлуби онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаву ороми шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа гардида, ба асосҳои сохти конститутсиониву соҳибихтиёрии Ватани азизамон ихтилофи ҷиддӣ ба миён овардааст. Намунаи равшани чунин падидаҳои ифротиву хиёнатпешагии М.Кабириву пайравонаш санаи 4-уми сентябри соли 2015 бо дастнишонии М.Кабирӣ аз тарафи Ҳоҷиҳалим Назарзодаву ҳаммаслаконаш кӯшиши табаддулоти давлатӣ намудан ва ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвар мебошад. Инчунин дар соли 2020 соли 2020 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои доихилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар ТТЭ собиқ аъзоёни ҲНИ, 3 нафар “Ал-Қоида”, 8 нафар аз ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 203 нафараш аз ТТЭ “Бародарони мусалмон”, 27 нафар аъзоёни ТТЭ “Давлати исломӣ”, 17 нафар равияи “Салафия”, ва 4 нафар  аз “Гурӯҳи 24” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида  шуданд.

Воқеан феҳристи амалҳои ҷинояткорона ва нангину нобахшидании М.Кабириву пайравони собиқ ҲНИ бепоён буда, имрӯз низ бадхоҳони ҷаҳолатпешаву разили Ватанамон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он кӯшиш намуда истодаанд, ки рукни устувори давлатдории навини миллиамонро, ки  бар пояи сохтори конститутсионӣ ва озодиву истиқлолият асос ёфтааст барҳам зананд. Аммо онҳо набояд ҳикмати ҳаётиро фаромӯш кунанд, ки

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Ва инчунин бояд дар ёд дошта бошанд, ки “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад.”

Тоҷикистониён ба қадри истиқлолият ва тинҷию осоиштагӣ, ки бо хизматҳои Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватандӯсту ободкор бо душвориҳои зиёд ба даст оварда шудааст, мерасанд ва ҳеҷ вақт душманони миллатро чӣ хориҷӣ бошанду чӣ дохилӣ дастгирӣ нахоҳанд кард.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида мардуми Тоҷикистонро имрӯз зарур аст, ки  баҳри ободии Ватан камари ҳиммат банданд чун гавҳараки чашм онро нигаҳ доранд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳои худ пайваста такрор менамоянд “Мо набояд зиракии сиёсиамонро аз даст диҳем, дӯстро аз душман ва ҳақро аз ботил фарқ карда тавонем, нагузорем, ки дар Ватани азизи мо нотавонбинони миллат сенарияҳои Ироқу Афғонистон, Сурияву Ливия, Фаластину Миср ва дигар  минтақаҳои ноороми ҷаҳонро тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд”.

 

Машокиров Ш.У.н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *