Ҳеҷ кас тарсу ваҳшат аз Муҳиддин Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин надорад!

 

 Сӯҳбати мустақими собиқ роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун бо номи созмони Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷи кишвар тариқи сомонаи интерентӣ, аз қабили “Фейсбук” ва “Ютуб” ба вуқуъ пайвастааст, ба мисли пештара пур аз суханони пуч, иғво мебошад. Маъмулан ҳар як аҳзоб дар доираи ақидаи сиёсии тарафдорону ҳаводоронаш таъсис ва фаъолият менамояд. ТТЭ ҲНИ баъди амали  нокоми соли 2015, ки як муддат бо роҳи сохтакорию ақидаҳои бегонапарастӣ қишри муайяни аҳолии ҷомеаи моро тарафи худ майл сохт, имрӯз бо рӯи шармсор дар Аврупо зери таъсиру дастгирии хоҷагони хориҷиааш мехоҳад ба арсаи сиёсат дубора  баргардад. Аниқтараш ТТЭ ҲНИ бо роҳи гумроҳ сохтани иштирокчиёни конфронс дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз худ дар ҷомеа бо роҳи ба даст овардани  нуфузи сиёсӣ дар ҳоли  бузургманишист. Баъди ронда шудани ТТЭ ҲНИ аз доираи сиёсии давлатҳои Эрону Туркия имрӯз садорати ин ҳизби террористӣ дар Аврупо худро ба оғӯши САҲА партофта, ба роҳ андохтани хабару наворҳои яктарафа омодагардида аз ҷониби «шоҳреҳи сиёсӣ» Муҳаммадиқболи Садриддин ба ақидаи омӯхташудаи «як камону ду тир» амал менамояд. Ин ҳизби террористӣ аз як ҷониб мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шинохташ  камрангу бетаъсир нишон додан хоста, ҳамзамон кӯшиш менамояд, ки дар зеҳни мардум, хусусан мардуми Аврупо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ба сиёсати САҲА мухолифат дошта муаррифӣ созад. Дар баробари ин, бозтоби манфии назарҳо дар шинохти ҳизби наҳзати исломро дар назди САҲА бо хабару наворҳои дур аз воқеият дар зеҳни бинандаю шунаванда таблиғ намуда, худро рӯёрӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун  «мусичаи бегуноҳ»-у  «қурбонии сиёсӣ» муаррифӣ кардан мехоҳад. Аз ҳоли ҳозир назари танқидии худро дар конфронси қарибулвуқуи САҲА дар шаҳри Варшава  пойтахти  Лаҳистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  мунташир сохта ин ҳизби иртиҷоӣ  даст ба қаҳрамонтарошии худу ҳаводоронаш зада истодааст. Ба гунае, ки соли 2018 дар конфорнси САҲА фурӯхташудаю худгумкардае бо номи Сулаймон Орзуев барои  «қаҳрамон» шудан худро дар назди намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  партофт  ва  подоши  «рафтор ва одоб»-и  худро низ гирифта буд. Айни ҳол низ дар ростои конфронси САҲА, ки  рӯзҳои 8-уми марти соли равон ТТЭ ҲНИ бо роҳбари гурезааш Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаводорони сарсахташ муборизаҳои фейкиро дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, мехоҳанд, ки бо баромадҳои «пурмуҳтавою» ширкати фаъолона «шуру шаъф»-и машваратро бароранд. Бо ақидаи солим дигар ҳизби террористии наҳзати ислом «шуру шаъф»,  тарсу ваҳшат надорад ва касе аз Муҳиддин Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва  якчанд шахси бо ном «сиёсатмадори урупоӣ» наметарсад. Метавон ёдрас шуд, ки  шаҳрвандони мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи кунунӣ ҳуқуқи баромад ва дастгирии сиёсати  имрӯзаи давлат ва ҳукуматро доранд.  Дар доираи ақидаи пучу бемаънӣ иродаи сиёсию ҷамъиятии аҳолиро ба ҳар як хадамоту ташкилот марбут донистан аз заъфи сиёсии ҳизби наҳзати ислом ва ноустувории фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии ин ҳизби террористӣ дарак медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин бадномсозӣ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро  ҳаргиз дигар карда наметавонад.

 

                                            Дилафрӯз Ҳомидова

                                          муҳаррири шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *