ТТЭ ҲНИ – ташкилоти хоинони ватанфурӯш

          Имрӯз дар фазои сулҳу суботи кишвар, афроду гуруҳҳои  гумроҳзадаи ифротӣ, арзи вуҷуд доранд, ки дастовардҳои кишвари моро нодида мегиранд. Чунончӣ имрӯзҳо раҳбирияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои  иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиаш пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Асосан бо ин васила  андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд.

         Бояд қайд кард, ки аслу ҳaдaфи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудa истодаанд. Ин қабил ашхос ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст.

          Имрӯз раҳбарияту пайравони ҲНИ ба худ хулосабарорӣ накарда, номи худро ба “Паймони миллӣ…” табдил додаанду ҷиҳати иҷрои супориши ҳоҷагонашон,бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи мамлакатро бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд, вале боз нашармида худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд. Назарҳояш ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Ҳам аз ҷониби рӯшанфикрон ва ҳам диндорон танқид мавриди интиқод қарор мегирад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки раҳбари ТТЭ ҲНИ-ро як “инсони гирифтори бемории равонӣ” унвон мекунанд.  Таъкидан ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки шумоён ватангумкардаҳо фарзандони худро беватан кардаед, онҳо  имруз дар ғарибӣ дар фироқи ватан месузанду ранҷ мекашанд ва шумоёнро бо кадом амал ба ёд меоранд?!

       Мудом мегуфтанду мегуфтем бо такроран иброз медорем, ки роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Хулоса раҳбарияту ҳамммаслакони ТТЭ ҲНИ ба доми хоҷагонашон афтода, яке аз  хоинони маҳзабфуруш шудаанд.

        Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло  аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон як маротиба дар доми ТТЭ ҲНИ ва пайравони он афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд, имрӯз вақти он расидааст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гуруҳҳои номатлуб муборизаи беамон бубарем. Воқеан ҳолати бавуҷудомада масъулияти моро фузуда, водор месозад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии ТЭТ ҲНИ-ро ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

А. Валиев,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *