ТТЭ ҲНИ- ХУДБОХТАЮ ХУДХОҲУ ГУМРОҲ!

          Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба аъзои ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади заиф кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, зоҳир мегардад. Мутаассифона, дар баробари хатарҳои мудҳишу манфури терроризм, ки дар ҷаҳони муосир афзоиши хатари байналмилии он бештар гардидааст, проблемаи дигари он, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳони гардидааст, ин бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапӯш гардидани ин падида мебошад. Бо вуҷуди он, ки дини мубини Ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст, вале гуруҳхои манфиатҷӯ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аз он сӯиистифода мекунанд.

      Коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд: якум  сиёсӣ, дуюм миллӣ ва сеюм динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Чунончӣ пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ)  мақсадҳои нопоки худро ошкор намуд, ки ба одамон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо ин роҳ аз байн бурдааст. Аслан ин ҳизб барои дини мубини Ислом бегона аст. Пештозу думликконии роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-  худбохтаю раҳгумзадаи замони мо то ба ҳадде гумроҳу зулматнишин шудааст, ки дигар ба шуълаҳои дурахшону мунаввари зиндагӣ нафрат дорад, дида наметавонад, қалби касифу тиннати ношарифаш аз равшанию равшангароӣ ҳарос дорад.

        Фаромӯш накардаем, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи фаъолияти экстриместию террористӣ ва зиддиконститусионии ТТЭ ҲНИ буд, ки сабабгори гумроҳии ҷомеаи Тоҷикистон дар аввали солҳои навадуми асри гузашта мебошад ва тамоми аркони сиёсӣ ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро фалаҷ кард. Ҳол он, ки тамоми насли калонсол ва миёнаумри Тоҷикистон ин даҳшатҳоро дар ёд доранд. Вале саркардагони ТТЭ ҲНИ аз оғоз то имрӯз аз адолату инсоф ва ислому парҳезгорӣ сухан гуфта, худро ҳомию пуштибон ва ғамхори халқ вонамуд мекунанд. Ин зархаридони доираҳои манфиатҷӯи хориҷ ин қадар ғаму кулфатро ба сари халқ оварданд. Боз омаданду нони ин халқро хӯрданд. Вале ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузошту боз ҳам мисли солҳои навадуми асри гузашта аз хоҷагони худ маблағҳои ҳангуфт гирифта, ин бор дар Аврупо дар ба дару кӯ ба кӯ хурҷини гадоӣ сари китф гирифта, имрӯзҳо асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бадгӯиву ҳасодат ба халқу ватани худ карда, мехоҳанд оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор намуда, бо ин васила ба ҳадафҳои нопоки худ расад. Ин душманони миллат бояд дарк намоянд, ки ҷомеа кайҳо руи ҳақиқии онҳоро шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ пайрави онҳо нахоҳанд буд. Мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил доранд ва намегузоранд, ки ин хоинони миллат сулҳу субот ва оромиро дар ҷомеа халалдор созанд.

 

К. Калонов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *